Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Хотамӣ Аҳмадинажодро танқид кард

Раиси ҷумҳурии пешини Эрон Муҳаммади Хотамӣ сиёсати хориҷии ҳукумати феълии Ҷумҳурии Исломиро ба боди танқид кашид. Нашрияи "Коргузорон" бо овардани порае аз суханрониҳои имрӯзаи Хотамӣ дар ғарби Эрон менависад, "шиорҳои пархошгару шадидлаҳн ба манфиати душман аст, то ки барои озори кишвар ва низом аз он истифода кунад". Изҳороти Хотамӣ дар робита бо мавқеи сарсахтонаи Аҳмадинажод дар муқобили танқидҳо ва таҳримҳои СММ аз барномаи ҳастаии Эрон садо дод.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Қазоқистон ҳатмӣ будани либоси мактабиро бекор кард

Вазири маориф ва илми Қазоқистон Асхат Аймагамбетов дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" навишт, ки пӯшидани либоси ягонаи мактабӣ имсол дар муассисаҳои миёнаи таълимӣ ҳатмӣ нахоҳад буд.

Дар Вазорати маориф ва илми Қазоқистон гуфтанд, ин тасмим ба хотири маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус, пешгирӣ аз навбатпоиҳои тулонӣ барои хариди либоси ягона дар фурӯшгоҳҳои он кишвар дар давраи пандемия гирифта шудааст.

"Кудакон дар давоми соли хониши оянда метавонанд бидуни либоси ягонаи мактабӣ ба дарс раванд",-навиштааст вазири қазоқ.

Ин дар ҳолест, ки хонандагони аксари мактабҳои миёнаи Қазоқистон соли хониши гузаштаро фосилавӣ ба поён расонида буданд.

Шумори мубталоёни коронавируси нав дар Қазоқистон аз охири моҳи июни соли равон то рафт афзоиш ёфта, рӯзона дар он кишвар беш аз 7 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба вирус ошкор мешавад.

Сарвазири пешини Қирғизистон Темир Сариев ҳам боздошт шуд

Темир Сариев.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки сарвазири пешини ин кишвар Темир Сариев ҳам боздошт шудааст.

Ба иттилои кумита, Сариев дар доираи парвандаи фасодкорӣ дар иҷрои тарҳи коркарди кони тилои "Қумтор"-и Қирғизистон дастгир гаштааст.

"Сариев ҳангоми вазири иқтисод ва ҳамзамон раиси комиссияи дахлдор буданаш ҳаҷми хисороти зистмуҳитиро дар пайи коркарди кони "Қумтор" чандин миллиард сом кам нишон додааст",-афзудааст кумита.

Дар доираи парвандаи кони тилои "Қумтор" то ин замон вакилони кунунии порлумон Асилбек Ҷеенбеков ва Торобой Зулфиқоров, вакилони пешин Исҳоқ Пирматов ва Талантбек Узакбоев, инчунин сарвазири пешини Қирғизистон Омурбек Бабанов боздошт шудаанд. Ахиран президенти нахустин ва фирории Қирғизистон Аскар Оқоев низ дар доираи ин парванда ба ватан оварда шуд.

Порлумони Қирғизистон рӯзи 17-уми май ба девони вазирон дастур дод, ки дар ширкати "Қумтор Голд Компани" мудирияти муваққат ҷорӣ кунад.

"Қумтор" калонтарин кони тиллои Қирғизистон ба ҳисоб меравад. Онро ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекард.

Тасҳеҳ. На кормандони БМТ, балки бонку созмонҳои қарздиҳии Суғд "хонакор" шуданд

Зебо Сираева

Намояндагии Бонки Миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба хабари Радиои Озодӣ дар мавриди ба кори фосилавӣ гузаштани даҳҳо кормандаш вокуниш кард.

Радиои Озодӣ рӯзи 2-юми август навишт, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус даҳҳо корманди дафтари Бонки Миллӣ дар маркази Суғд аз хона кор мекунанд. Аммо масъулони намояндагӣ рӯзи 3-юми август гуфтанд, ягон корманди онҳо ба кори фосилавӣ нагузаштааст.

Хабари аввал дар инҷост:

Кормандони Бонки Миллӣ дар Хуҷанд ба кори фосилавӣ гузаштанд

Хабари тасҳеҳшуда ин аст:

Ба қавли Зебо Сираева, муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки Миллӣ дар Хуҷанд, "дар маҷмуъ, 87 корманди ташкилоти қарзӣ фосилавӣ кор мекунанд. 325 корманди ташкилоти қарзӣ ба рухсатии меҳнатии бемузд фиристода шуданд."

Манзур аз ташкилоти қарзӣ бонку созмонҳои қарздиҳӣ аст, ки шомили Бонки Миллӣ намешавад.

Сираева афзуд, "имсол, бинобар паҳн гардидани мавҷи навбатии пандемияи коронавирус, аз таъсири он низоми бонкии кишвар низ дар канор набуд.”

Ба иттилои муовини мудири шуъбаи минтақавии Бонки Миллӣ дар Хуҷанд, дар шаш моҳи аввали имсол 40 корманди бонкҳои вилоят ба бемории коронавируси нав гирифтор шуда, яке аз онҳо аз ин беморӣ фавтидааст, вале аз корманди фавтидаи бонк ном набурд.

Шумори расмии гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 2-юми август ба 15 ҳазору 219 кас расид. Вазорати тандурустӣ мегӯяд, то кунун беш аз 96 дарсади беморон шифо ёфта, 121 кас ҷони худро аз даст додаанд. Баъзе аз сокинону мутахассисон омори воқеиро бештар аз ин медонанд.

Полиси Украина марги фаъоли беларусӣ Витал Шишовро таҳқиқ мекунад

Витал Шишов ба берарусҳое, ки дар саркӯбҳои як соли охир азият шудаанд, кӯмак мекард

Полиси Украина баъди ошкор шудани ҷасади як фаъоли сиёсии беларусӣ Витал Шишов дар як боғи шаҳри Киев рӯзи 3-юми август гуфт, аз рӯи қазияи куштори эҳтимолӣ парванда боз кардааст. Полис гуфт, ки дар доираи тафтишот тамоми фарзияҳо, аз ҷумла эҳтимоли куштор ва ҳам худкуширо таҳқиқ хоҳанд кард. Шишов раҳбарии созмони маданиро бо номи “Хонаи беларусӣ дар Украина” ба ӯҳда дошт ва ба шаҳрвандони Беларусе, ки аз таъқиби режими Александр Лукашенка баъди саркӯбҳои эътирозгарони интихоботи соли гузашта фирор кардаанд, ёрӣ мекард. Дар изҳороти полис гуфта шудааст, ки “шаҳрванди Беларус Витал Шишов, ки дирӯз дар шаҳри Киев нопадид шуд, дар як боғи Киев, дар наздикиҳои макони кораш овехта пайдо шуд”.

Шишов аз минтақаи ҷанубушарқии Беларус буда, баъди интихоботи Беларус, ки дар он Александр Лукашенка баранда эълон шуду онро мухолифон ноодилона ва тақаллубшуда номиданд, ба Киев фирор кард.

Боздошти як корманди "қалбакӣ"-и Оҷонси зиддифасод дар Тоҷикистон

Шараф Аваззода

Як сокини шаҳри Истаравшанро бо гумони қаллобӣ дастгир ва парвандаашро барои муҳокима ба додгоҳ фиристодаанд. Мақомот мегӯянд, Хусрав Бобозодаи 34-сола худро маъмури Оҷонси зидидфасод муаррифӣ карда, барои ҳалли мушкили сокинон аз онҳо "тақрибан сесад ҳазор сомонӣ гирифтааст".

Шараф Аваззода, сардори намояндагии Оҷонсӣ дар Суғд, рӯзи 3-юми август ба хабарнигорон гуфт, "дар асл ин хел корманд надорем. Нисбат ба ӯ бар асоси моддаи 247, қисми 4, (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз кардем. Ба ҳабс гирифта шудааст, парвандаро ба додгоҳ фиристодем."

Ба ин тартиб, ба иттилои Оҷонсӣ, ин сокини Истаравшан дар давоми тақрибан як сол дар панҷ маврид 293 ҳазору 420 сомонии сокинонро аз худ кардааст. Вале шарҳ надоданд, ки оё шаҳодатномаи ӯ сохта буд ё на.

Бори аввал нест, ки дар Суғд ва минтақаҳои дигари Тоҷикистон баъзе аз сокинон аз номи кормандони идораҳои муҳим ва раиси ҷумҳуру наздиконаш суистифода менамоянд. Корафтодагон низ барои ҳалли ҳарчи зудтари мушкилашон ба ин гуна афрод бовар мекунанд.

Аз ҷумла, Додгоҳи Хуҷанд соли 2018 Дилшод Тошмуҳаммадови 32-соларо, ки худро маъмури милиса муаррифӣ карда, аз наздикони чаҳор маҳбус бо ваъдаи раҳоии онҳо ҳудуди 150 ҳазор сомонӣ гирифтааст, 9 сол зиндонӣ кард.

Додгоҳ ӯро, ки мактаби миёнаро хатм карда, аммо дар ҷое кор намекард, бо гуноҳи "қаллобӣ ба миқдори махсусан калон" гунаҳкор донист.

Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар Суғд мегӯяд, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 340 ҷинояти марбут ба фасоди молиро ошкор ва аз 10.5 миллион сомонӣ зарар то кунун 6 миллиону 800 ҳазорашро рӯёндааст.

 Вашингтон гуфт, ки дипломати рус ба саҳв роҳ дод

Сафорати Русия дар Вашингтон. Акс аз бойгонӣ

Департаменти давлатии ИМА иддаои сафири Русия дар ИМА-ро рад кард, ки гӯё Вашингтон аз 24 дипломати рус тақозо кардааст, ки то 3-юми сентябр бо тамом шудани мӯҳлати визаи онҳо кишварро тарк кунанд. Нед Прайс, сухангӯи Департаменти давлатӣ рӯзи 2-юми август гуфт, ки дипломатҳои рус “метавонанд барои тамдиди виза муроҷиат кунанд”. Ӯ гуфт, ки чунин аризаҳо дона-дона баррасӣ мешавад.

Дар як мусоҳибааш бо маҷаллаи National Interest фиристодаи Русия дар ИМА Анатолий Антонов гуфт, сафорат феҳристи 24 дипломати русро дарёфт кард, ки бояд то 3-юми сентябр хоки ИМА-ро тарк кунанд. Антонов дар мусоҳибаи рӯзи 1-уми августаш гуфт, ки “тахминан ҳамаи онҳо бе он ки ба ҷояшон нафарони дигар биёянд, Вашингтонро тарк хоҳанд кард, чунки Вашингтон муқаррароти додани визаро сахттар кардааст”.

Ҳафтаи гузашта Департаменти давлатӣ гуфт, дар пешорӯи 1-уми август, ки бо талаби Кремлин мӯҳлати кори 182 кормандаш дар ҳайатҳои дипломатии Русия ба анҷом мерасад, ҳамин миқдор кормандонро ҷавоб додааст. Русия баъди он чунин қарорро қабул кард, ки президенти ИМА Ҷо Байден рӯзи 15-уми апрел ихроҷи 10 дипломати рус ва таҳрими даҳҳо шаҳрванди Русияву ширкатҳоро тақозо намуд.

Қатар ҳам ҳамла ба киштиро маҳкум кард

Киштии Mercer Street. Акс аз соли 2015

Қатар ҳодисаи ҳамла ба як нафткашро дар обҳои Уммон маҳкум кард. Қаблан масъулияти ин онро Ғарб ба дӯши Эрон вогузор кард. Вазорати хориҷаи Қатар ба зарурати барқарор кардани қонунҳои байналмилалӣ ва роҳ надодан ба такроршавии чунин ҳодисаҳо даъват кард. Қатар “амалҳоеро, ки амният ва бехатарии ҳаракати нақлиёт дар обҳои байналмилалиро ба ҳам мезанад” ва ҳам рафтуомади киштиву нафткашҳоро бо мушкил рӯбарӯ мекунад, маҳкум кардааст.

ИМА, Исроил ва Бритониё дар ҳамла ба киштии нафткаш рӯзи 29-уми июл дар соҳилҳои Уммон, ки аз ҷониби Исроил идора мешуд, Эронро гунаҳгор карданд. Теҳрон даст доштанаш дар ин ҳамларо рад кардааст. Дар ин ҳамла, ки эҳтимолан бо дрон сурат гирифтааст, ду узви тими ин киштӣ – як шаҳрванди Бритониё ва як табааи Руминия кушта шуданд. Теҳрон таҳдид кард, ки ба ҳама гуна таҳдид ба амнияташ посух хоҳад дод. Рӯзи 2 август Бритониё дар робита бо ҳамла ба киштии нафткаши Mercer Street, ки ба Ҷопон марбут буда, таҳти парчами Либерия ва мудирияти ширкати исроилии Zodiac Maritime ҳаракат мекард, сафири Эронро фаро хонд. Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон гуфт, ки Эрон “барои амалҳои кардааш бояд посух диҳад” ва ҳамлаи “ғайри қобили қабул ва ваҳшиёна” ба киштиро маҳкум кард. Эрон таҳдид кард, ки барои ҳимоят аз амният ва манфиатҳои миллиаш омода аст.

Маросими савгандёдкунии президенти нави Эрон барпо мешавад

Президенти мунтахаб Иброҳим Раисӣ дар мақбараи Имом Ризо дар шаҳри Машҳад суханронӣ мекунад. 22 июни соли 2021

Рӯзи 3 август дар Теҳрон маросими савгандёдкунии президенти нави Эрон – Иброҳим Раисии муҳофизакор баргузор мешавад, ки дар ин мақом Ҳасани Рӯҳониро иваз мекунад. Баландтарин дастоварди Рӯҳонӣ имзои созиши ҳастаии соли 2015 бо қудратҳои ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Маросими савгандёдкунӣ соати 10:30 ба вақти Теҳрон дар қароргоҳи марказии Оятулло Алии Хоманеӣ баргузор хоҳад шуд. Раисии 60-сола, баъди таъйиди интихоботаш аз ҷониби раҳбари олии Эрон, ба иҷрои мӯҳлати чорсолаи раёсатҷумҳуриаш шурӯъ хоҳад кард. Рӯзи 4 август ӯ дар назди парлумони кишвар савганд ёд карда феҳристи аъзои нави ҳукуматро пешниҳод мекунад.

Яке аз масоиле, ки мавриди таваҷҷӯҳи президенти нави Эрон мешавад, гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо қудратҳо хоҳад буд. ИМА соли 2018 ба таври якҷониба ин санадро тарк кард. Раисӣ баъди пирӯзии интихоботиаш гуфт, ки ҷонибдори азсаргирии музокираҳо барои барқарор кардани созиши ҳастаӣ мебошад. Шарти муҳими ин созиш бекор шудани таҳримҳои Эрон бар ивази маҳдуд ва таҳти назорат дароварда шудани фаъолиятҳои ҳастаии ин кишвар мебошад. Аксари ин таҳримҳо баъди аз созиш хориҷ шудани ИМА дубора барқарор шуданд ва ояндаи иқтисоди Эронро таҳти хатар гузоштанд. Ҳалли масоили иқтисодии кишвар яке аз чолишҳои калидии президенти нав мебошад.

Яке аз бӯҳронҳое, ки ҳамин ҳоло рӯбарӯи Эрон ва Раисӣ қарор дорад, марбут ба ҳамла ба як киштии нафткаше аст, ки аз ҷониби Исроил идора мешуд. Ҳамлаи ҳафтаи гузашта дар соҳилҳои Уммон мавриди маҳкумияти ИМА, Исроил ва Бритониё шуд. Ин кишварҳо ангушти иттиҳомро ба сӯи Теҳрон баланд карданд, ки дар навбати худ ин иттиҳомро беасос хондааст.

Иброҳим Раисӣ дар фаъолияти гузаштааш ба ҳайси додрас барои нақзи ҳуқуқи инсон мавриди интиқоди Ғарб қарор гирифта, дар феҳристи афроди таҳримшуда ворид гардид. Раисӣ амри ҳукми қатли ҳазорҳо зиндонии сиёсиро дар давраи кораш дар низоми адлияи кишвар содир кардааст. Мавқеи Раисӣ ҳамакнун бо кӯмаки маҷлиси Эрон, ки дар интихоботи соли 2020 аксар аъзояш намояндагони муҳофизакорон шудаанд, мустаҳкамтар мешавад. Дар интихоботи соли гузашта ҳазорҳо ислоҳталабон ва номзадҳои мӯътадил аз ҳақи ширкат маҳрум шуданд. Худи раисӣ рӯзи 27-уми июл ба хотири умед ба ояндаи Эрон маҷлисро ба “ҳамкорӣ” даъват кард. Ӯ гуфт, “ман ба ояндаи кишвар боумед менигарам ва бовар дорам, ки ҳалли мушкилот ва маҳдудиятҳо имконпазир аст”.

ИМА шаҳрвандонашро аз сафар ба чанд кишвар, аз ҷумла Қазоқистон ҳушдор дод

Кӯчае дар шаҳри Ню-Йорки ИМА

Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА шаҳрвандони ин кишварро аз сафар ба як қатор кишварҳое, ки бо афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба COVID-19 рӯбарӯ шудаанд, масалан Юнон, Ирландия, Эрон ва дигарҳо ҳушдор додааст. Давлатҳое, ки ба “Гурӯҳи чор. Худдорӣ аз сафар” ворид шудаанд, Либия, Қазоқистон, Андорра, Малта, Лесото ва дигарҳо ёд мешаванд. Айни чунин ҳушдорро Департаменти давлатӣ ҳам рӯзи 2 август содир кард. Дар ҳоле, ки моҳи июн исми кишварҳои зиёде аз феҳристи мазкур хориҷ карда шуд, ҳоло шумори давлатҳое, ки исмашон дубора ба ин рӯйхат ворид мешаванд, афзоиш меёбад. Дар дохили худи ИМА ҳам, бо вуҷуди тақрибан пурра иҷро шудани ҳадафи президент Ҷо Байден дар бораи ҳадди аққал як дафъа эм шудани 70 дарсади қишри калонсоли кишвар, афзоиши ҳолатҳои сироятшавӣ мушоҳида мешавад. Дар бархе манотиқи аз назари сиёсӣ муҳофизакори ИМА, мисли ҷануб ва ғарби миёна, ҷавонон ва аққалиятҳои нажодӣ то ҳол барномаи эмкуниро ба анҷом нарасонидаанд. Як мақоми Кохи Сафед гуфт, ки дар саросари ИМА беморхонаҳо пур аз бемор буда, ҳар рӯз 300 нафар бар асари ин вирус ҷон медиҳанд.

Муаррифии барномаи муҳоҷират барои афғонҳои ҳамкори Амрико

Моҳи марти соли 2017. Ин паноҳгоҳи занон дар Кобулро як созмони ҷамъитӣ роҳандозӣ кардааст

ИМА эълон кард, ки барномаи хуруҷи шаҳрвандони Афғонистонро, ки ҳаёташон дар хатар аст, тавсеа медиҳад. Дар як изҳороти Департаменти давлатӣ рӯзи 2-юми август гуфта шуд, ки кормандони амалкунандаи созмонҳои ҷамъиятӣ, ташкилоти башардӯстона, кормандони расонаҳое, ки бо пули ИМА амал мекарданд, ҳоло ҳақ доранд, ки дар ИМА ҳақи паноҳандагӣ дарёфт кунанд. Ин таҳаввулот дар ҳолест, ки ҷангҷӯёни Толибон юриши худро дар саросари кишвар идома медиҳанд ва мӯҳлати хуруҷи нирӯҳои амрикоӣ 31-уми август ба поён мерасад. Дар изҳороти Департаменти давлатӣ омадааст, ки кормандони амалкунанда ва собиқи ҳукумати ИМА ваё НАТО, ки дар барнома исмашон зикр нашудааст, ҳамчунин ба ин барнома ворид карда мешаванд.

Барномае, ки бо исми рамзии “Priority 2” номгузорӣ шудааст, он шаҳрвандони Афғонистонро фаро мегирад, ки худи онҳову аъзои оилаашон ба хотири рабт доштанашон ба барномаҳои ИМА таҳти хатар ҳастанд, вале наметавонанд Визаи вижаи муҳоҷиратро дарёфт кунанд. Ин гурӯҳ кормандони бевоситаи ҳукумати ИМА набуданд ваё дар вазифаи давлатии худ мӯҳлати кам кор кардаанд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ қазияи атрофи варзишгари беларусиро маҳкум кард

Варзишари беларусӣ Кристина Тимановская ба сафорати Полша дар Ҷопон ворид мешавад. 2-юми августи соли 2021

Талоши бо зӯр ва пеш аз мӯҳлат аз Олимпиадаи Токио ба ватан баргардонидани давандаи беларусӣ Кристина Тимановская ҳамчун як намунаи дигари саркӯби режими Александр Лукашенко интиқод шуд. Набила Массрали, сухангӯи Жозеп Боррелл, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ин ҳодиса намунаи дигари он аст, ки чӣ гуна режими Лукашенка “тамоми бахшҳои ҷомеаи Беларус, аз ҷумла варзишгаронро осеб расонида, оташбаси олимпиро эҳтиром намекунад”. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен гуфт, ҳукумати Лукашенка бо талоши ба бозгашт маҷбур кардани Тимановская, ки “танҳо аз озодии баён истифода кард”, ба “як амали дигари саркӯби фаромиллӣ” роҳ дод. Блинкен дар изҳороташ дар Твиттер навишт, ингуна амалҳо “рӯҳияи Олимпиро нақз мекунанд, чун ҳуқуқҳои бунёдиро таҳқир мекунанд ва ба ин хотир набояд таҳаммул шаванд”.

Тимановскаяи 24-сола баъди он ки бо кӯмаки полиси Ҷопон ва ҷомеаи байналмилалӣ аз маҷбуран ба Беларус фиристода шуданаш пешгирӣ кард, дар сафорати Полша дида шуд. Павел Яблонски, муовини вазири умури хориҷии Полша тасдиқ кард, ки кишвараш ба Тимановская визаи гуманитарӣ дод ва дар нишасти хабарии 3-ми август вазири хориҷаи Ҷопон Тошимитсу Мотеги гуфт, ки ин варзишгар “дар ҳолати амн” қарор дорад.

"Тоҷикон беш аз 206 ҳазор сомонӣ доданд, хориҷиҳо пул нагузаронданд". Вазорат посухашро дигар кард

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон.

Вазорати молияи Тоҷикистон ба танқидҳои корбарони "Фейсбук" дар бораи кумак ба зарардидагони муноқишаи марзӣ вокуниш кард. Рӯзи 2-юми август Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия, зимни нишасти хабарӣ гуфт, ба суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ "маблағ ворид нашудааст".

Дар пайи ин, Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва масъули гуруҳи фейсбукии "Ахбор барои афкор" расид ё чекеро нашр кард ва гуфт, аз ҳисоби хайрияи мардум ба суратҳисоби бозкардаи Вазорати молия 10 ҳазор сомонӣ гузарондааст.

Раҷаби Мирзо ва даҳҳо корбари дигар "Фейсбук" пурсиданд, ки 10 ҳазор сомонӣ куҷо шуд, вақте муовини аввали вазир мегӯяд, ба суратҳисоб пуле ворид нашудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати молия шоми 2-юми август бо нашри баёнияе гуфт, манзури муовини якуми вазир "ин буд, ки аз ҷониби ташкилоту созмонҳои байналмилалии молиявӣ то имрӯз ба ин суратҳисоб маблағ ворид нагардидааст".

Дар хабари вазорат омадааст, аз ҷониби шаҳрвандони кишвар то имрӯз ба ин суратҳисоб беш аз 206 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки "аз рӯи таъинот истифода карда мешавад".

Изҳороти Вазорати молия дар ҳолест, ки хабарнигорон зимни нишасти хабарӣ аз масъулин дар бораи чӣ қадар ворид шудани маблағ ба суратҳисоби зарардидагони муноқишаи марзӣ пурсида буданд.

Ин суратҳисобро се моҳ пеш, замоне кушоданд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ мустақилона ба ҷамъоварии ёрӣ дасту остин барзада буд. Мақомот аз сокинон хостанд, хайрияи худро на ба гуруҳҳои алоҳида, балки ба суратҳисоби махсус гузаронанд. Иддае кумакҳои худро пас гирифтанд, вале баъзе аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ба суратҳисоби вазорат низ маблағ гузаронданд.

OCCRP ба рӯйхати ҷосусии "Пегас" се мансабдори дигари қазоқро шомил кард

Ба рӯйхати шаҳрвандони Қазоқистон, ки эҳтимол меравад, ҳадафи барномаи исроилии ҷосусии "Pegasus" (Пегас) қарор гирифтаанд, се нафари дигар илова шуд.

Онҳо шахсоне ҳастанд, ки дар гузашта ё дар ҳоли ҳозир дар мансабҳои баланди давлатӣ ифои вазифа мекунанд. Ба иттилои Маркази пажуҳиши фасод ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP), эҳтимолан афроди зерин ҳадафи барномаи ҷосусии мазкур қарор гирифтаанд:

Владимир Божко - собиқ узви маҷлис, раиси пешини кумитаи амнияти миллӣ ва дар гузашта вазири ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон;

Сауат Минбоев - раиси пешини корхонаи "Роҳи оҳани Қазоқистон", собиқ раиси дастгоҳи президент дар гузашта вазири кишоварзӣ, вазири энергетика ва вазири саноату савдои Қазоқистон;

Асет Исекешев, котиби Шӯрои амният, дар гузашта муовини сарвазир, шаҳрдори пойтахт ва вазири саноату технологияҳои нави Қазоқистон;

Тавре OCCRP мегӯяд , телефони ҳамроҳи ин мансабдорони қазоқ соли 2018 рахна шудааст. Он замон Божо муовини сарвазири Қазоқистон буда, Исекешев аз вазифаи шаҳрдори пойтахт барканор ва раиси дастгоҳи президент таъйин шуд. Минбоев, ки "миллиардери махфӣ" номида мешуд, соли 2018 раиси "Роҳи оҳани Қазоқистон" таъйин, вале худи ҳамон сол бо сабаби "захми ҷиддӣ бардоштани сутунмуҳрааш дар шароити номаълум" аз мақом барканор гашт.

Дар ибтидо ба ин руйхат аз Қазоқистон 5 кас - ду рӯзноманигор ва се фаъоли иҷтимоӣ шомил буд. Дар миёни онҳо президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, сарвазири он кишвар Аскар Мамин ва ҳокими шаҳри Алмато Бакитҷон Сагинтаев ҳам ҳастанд.

Ба ҷуз аз Қазоқистон, ба иттилои пажуҳишгарон, барномаи Pegasus-и ширкати NSO Group-ро мақомоти Озарбойҷон, Маҷористон, Мексика, Баҳрайн, Ҳинд, Индонезия, Марокаш, Руанда, Ҷумҳурии Конго, Арабистони Саудӣ - дар маҷмуъ наздики 50 давлат истифода кардаанд.

Барномаи Pegasus имкон дорад, тавассути паёмакҳои одӣ вориди телефон шуда, маълумотро рабояд ва муколамаҳоро хонад.

Додгоҳи Андиҷон занони норозиро барои бастани роҳ то 15 рӯз ҳабс кард

Эътирози занон дар Андиҷон.

Додгоҳи шаҳри Андиҷони Узбекистон 2 август ҳукми 17 сокини маҳаллиеро содир кард, ки рӯзи шанбеи гузашта ба нишони эътироз хиёбонеро дар маркази шаҳр бастанд.

Ин сокинони Андиҷон, ки иборат аз 15 зан ва 2 мард буданд, дар "майдаавбошӣ", "иҷро накардан талаби қонунии кормандони ҳифзи ҳуқуқ" ва "нақзи ташкили ҷамъомадҳои осоишта" айбдор эълом гаштанд.

Додгоҳ 11 нафари онҳоро аз 8 то 15-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ ва боқиро ҳудуди 160-долларӣ ҷарима кардааст.

Блогерони Узбекистон ахиран хабар доданд, ки як гуруҳ аз занони норозӣ 31 июл баъди роҳ наёфтан ба қабули раиси вилояти Андиҷон Шуҳрат Абдураҳмонов, ки моҳе як бор сурат мегирад, роҳро бастаанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеое нашр шуд, ки нишон медиҳад эътирозгарон дар байни роҳ рост истода, ба ҳаракати мошинҳо монеъ мешаванд.

Ба огаҳии пулиси Андиҷон, занон бо вуҷуди он ки гуфта шуд, расмиёти роҳ ёфтан ба қабули раиси вилоят тағйир ва тавассути расонаҳо эълом гаштааст, исрор мекарданд, ки Абдураҳмонов бо онҳо мулоқот кунад.

Вақтҳои ахир дар Узбекистон баста шудани роҳҳо аз сӯи сокинони норозӣ бештар ба назар мерасад. Сокинон мегӯянд, бо ин амал мехоҳанд таваҷҷуҳи масъулинро ба мушкилоти худ ҷалб кунанд.

Пештар низ дар шаҳри Бухоро гуруҳе аз занон бо талаби дарёфти қарзи боимтиёз як роҳро баста буданд. Мақомот ба ҷои додани қарз ҳамаи онҳоро ҷарима бастанд.

Никол Пашинян сарвазири Арманистон таъйин шуд

Никол Пашинян.

Президенти Арманистон бо имзои фармоне Никол Пашинянро сарвазири он кишвар таъйин кард. Номзадии ӯро ба ин мақом Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ"-и Арманистон дар нахустин ҷаласаи порлумони нав пешбарӣ карда буд.

Ҳоло акнун Пашинян бояд дар давоми 15 шабонарӯз девони вазирони Арманистонро ташкил кунад. Руйхати номзадҳои пешниҳодиро вакилони порлумони Арманистон тасдиқ хоҳанд кард. Расонаҳо менависанд, ки ба эҳтимоли зиёд, порлумони нав номзадҳои Пашинянро бидуни мушкил қабул хоҳад кард, зеро аксари курсии он дар ихтиёри ҳизби ӯст.

Намояндагони мухолиф дар ин ҷаласа дар тан либосҳоеро ба бар карда буданд, ки акси мухолифони боздоштшуда бо гумони суистифода аз мақомро доштанд. Мухолифони ҳизби ҳоким афроди боздоштшударо маҳбусони сиёсӣ меноманд.

Ҳизби "Созиши шаҳрвандӣ"-и Никол Пашинян дар интихоботи порлумонии 20 июни соли равон бо касби 53,92 дарсади раъйи мурдум пирӯз шуд. Эътилофи "Арманистон"-и президенти пешини он кишвар Роберт Кочарян, ки 21 дарсади раъй ба даст овард, гуфт, натиҷаҳои интихоботро намепазирад.

Аскар Оқоев: "Ман барои посух додан ба саволҳои тафтишот омадам". ВИДЕО

2 августи соли 2021. Аскар Оқоев баъди берун шудан аз КДАМ-и Қирғизистон ба саволҳои журналистон посух дод

Аскар Оқоев, собиқ президенти Қирғизистон, ки ба таври ғайримунтазира 2 август аз Маскав ба Бишкек парвоз кард, худи ҳамон рӯз аз рӯи парвандаи кони Қумтор ба саволҳои журналистон посух дод. Оқоеви 76-сола, ки 16 соли охир, баъди тарки мақоми президентӣ ва фирор аз инқилоби лолаии Қирғизистон дар Русия зиндагӣ мекард, бо вуҷуди ҷустуҷӯву талаби мақомот ба истирдодаш, ҳеҷ гоҳ ба ватан барнагашта буд.

Рӯзи 2 август, дар шарҳи ҳузураш дар Бишкек ба хабарнигорон дар назди дари КДАМ гуфт, ҳадафи ӯ посух додан ба саволҳои тафтишот аз рӯи парвандаи марбут ба кони Қумтор аст. Ӯ гуфт, ки ҳақи ифшои ҷузъиёти ин парвандаро надорад, вале аз мақомоти кунунии Қирғизистон изҳори сипос кард, ки барояш шароити мусоид фароҳам оварданд.

Ишораи ӯ эҳтимолан ба ин аст, ки дар ҷараёни тафтишот дар озодӣ боқӣ мемонад ва боздошт намешавад. Оқоев инчунин гуфт, ки худи ҳамин рӯз бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфтугӯ кард.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки президенти собиқи ин кишвар Аскар Оқоевро аз Маскав ба Бишкек оварданд ва ҳоло дар ихтиёри гуруҳи тафтишотӣ аст.

Масъулони ин ниҳод рӯзи 2-юми август дар изҳороте гуфтанд, Оқоеви 76-cола бар асоси парвандаи фасод дар тарҳи “Қумтор” таҳти ҷустуҷӯ буд.

Оқоев аз соли 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд. Бо сар задани инқилоби лолаӣ ӯ ва аъзои оилааш дар Русия сарпаноҳ ёфтанд ва худи ӯ ҳеч гоҳ ба Қирғизистон нарафта буд.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон, рӯзи 8-уми июл гуфт, президентони собиқ – Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев – дар чаҳорчӯби парвандаи марбут ба тарҳи “Қумтор” дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, дар додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди ин қазия собит хоҳад кард, ки ширкати канадаии Centerra Gold Inc. ба раҳбарони собиқи кишвар ришва додааст.

Назари худи Оқоев нашр намешавад. Додситони кулли Қирғизистон соли 2019 гуфта буд, ки дар сурати ба кишвар баргаштанаш, ӯ бозпурсӣ хоҳад шуд.

Блогери тоҷик дар Маскав зиндонӣ шуд; шариконаш аз Русия "ҳукми шартӣ гирифтанд"

Кароматулло Ҷабборов дар Додгоҳи Пресненскии Маскав, 2-юми августи 2021

Додгоҳе дар пойтахти Русия блогери тоҷик ва ширкаткунанда дар саҳнаи шӯхиомези коронавирус дар метрои Маскав - Кароматулло Ҷабборовро ба ду солу чаҳор моҳ зиндон маҳкум кардааст.

Роман Шахманов, вакили мудофеи ӯ, рӯзи 2-юми август ба хабаргузории ТАСС гуфт, Ҷабборов гуноҳро пурра ба дӯш гирифт ва "бо назардошти муҳлате, ки дар боздоштгоҳ (СИЗО) буд, мумкин аст, то охири моҳи август озод шавад."

Вале ба қавли ӯ, "ин кор дар ҳоле имконпазир аст, ки агар додситон ё маъмурияти метро аз рӯйи ҳукм шикоят накунанд. Мо дар навбати худ ҳеч шикоят нахоҳем кард."

Пештар додситон барои Кароматулло Ҷабборов чаҳор сол зиндон талаб карда буд.

Роман Шахманов ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, шарикони блогери тоҷик, Артур Исаченко ва Станислав Мелехов (шаҳрвандони Русия) ҳукми шартӣ гирифтанд. Пештар додситон барояшон 3-солии зиндон хоста буд.

Онҳо ҳангоми тафтиши парванда низ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ буданд.

Кароматулло Ҷабборовро рӯзи 8-уми феврали соли 2020, дар пайи ташкили саҳнаи шӯхиомез ва сабти "пранк" дар вагони метрои Маскав, дастгир карданд.

Дар ин саҳна ҷавоне аз ҳуш меравад ва ҳамроҳонаш фарёд мезананд, ки ӯ ба вируси хатарноке гирифтор аст. Ин ҳолат дар байни мардум воҳима андохтааст. Сабти лаҳзаро дар Интернет гузошта буданд.

Вазири молия гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун "омӯзиши махсус мегузаронад"

Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи "Роғун"

Вазири молияи Тоҷикистон хабар дод, ки Бонки Ҷаҳонӣ барои сармоягузорӣ дар сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” як омӯзиши вижа мегузаронад.

Масъулони Бонки Ҷаҳонӣ дар ин маврид шарҳе надодаанд. Ба қавли вазири молия, Тоҷикистон бо маблағҳои буҷа наметавонад “Роғун”-ро бисозад ва аз ин рӯ дар талоши пайдо кардани сармоя аст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия, рӯзи 2-юми август зимни нишасти хабарӣ дар бораи омӯзиши махсуси Бонки Ҷаҳонӣ барои маблағгузории “Роғун” шарҳи зиёд надод. Ӯ танҳо гуфт, то моҳи сентябр як нишаст бо ҳузури намояндагони созмонҳои молиявӣ баргузор ва “қадамҳои баъдӣ дар робита ба “Роғун” мушаххастар мешавад.”

Вазири молия дар ҳузури хабарнигорон аз он гуфт, ки “нигоҳи тамоми созмонҳои молии ҷаҳонӣ ба ин иншоот (Роғун) комилан дигар шудааст.” Аммо мушаххас аз ягон созмони молии ҷаҳонӣ ном набурд.

Ҳукумати Тоҷикистон нерӯгоҳи “Роғун”-ро ҳаёту мамоти кишвар мехонад ва то имрӯз ду чархаи онро фаъол кардааст. Сохтмони нерӯгоҳ дар дарёи Вахш ҳанӯз замони Шӯравӣ оғоз ёфта буд. Вале бо далели ҷанги шаҳрвандӣ, надоштани пул ва ҳам мухолифати кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон натавонист, онро пурра кунад ва танҳо соли 2016 ба сохтмони асосии он шуруъ кард.

Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла вазири молия борҳо гуфтаанд, кишвар ба танҳоӣ наметавонад сохтмони “Роғун”-ро ба анҷом расонад, чун барои бунёди чунин иншоот пули зиёде зарур аст. То ин вақт ҳукумати Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷа, фурӯши саҳмияҳо ба мардум ва евробондҳо ба сохтмони “Роғун” идома медиҳад.

Вазири молия мегӯяд, солона аз буҷаи кишвар ҳудуди 2,2 миллиард сомонӣ барои сохтмони “Роғун” ҷудо мешавад.

Норӯшаниҳо дар бораи идомаи маблағгузории “Роғун” ба кори иншоот бетаъсир намондааст. Ду соли гузашта чандин корманди нерӯгоҳ аз моҳҳо дарёфт накардани маош шикоят карданд.

Аз ҷумла, кормандони ширкати бинокории "Асри нур" моҳи апрел гуфтанд, 8 моҳ маош нагирифтанд. Дар пайи шикояти кормандонаш ширкат аз иҷозаи кор дар сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" маҳрум шуд. Ҳарчанд вазири молия рӯзи 2-юми август гуфт, дар маблағгузории “Роғун” мушкил ҷой надорад.

Ғанӣ далели ноамниҳои ахирро ба қарори "ногаҳонӣ"-и амрикоиҳо рабт дод

Ашраф Ғанӣ дар ҷаласаи ҳарду палатаи порлумони Афғонистон. Кобул, 2-юми августи 2021

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ рӯзи 2-юми август ноамниҳои ахирро дар саросари ин кишвар ба қарори "ногаҳонӣ"-и Иёлоти Муттаҳида дар мавриди берун бурдани нирӯҳо рабт дод.

Ин дар ҳолест, рӯзҳои гузашта сарбозони артиши Афғонистон бо ҷангҷӯёни Толибон дар вилоятҳои ҷанубӣ ва шаҳрҳои кишвар ҷангҳои шадиде доштанд.

Чанд соат баъди ин ки мақомот дар бораи истиқрори садҳо нирӯ дар шаҳри Лашкаргоҳ, маркази вилояти Ҳилманд, хабар доданд, Толибон ба амалиёти ҳамоҳангшуда пардохтанд.

Ҷанги Толибон дар Қандаҳору Ҳирот, ки дар ҷануб ва ғарб ҷойгиранд, низ идома ёфт. Дар натиҷа, ҳазорҳо сокини мулкӣ маҳалли зисти худро тарк карданд.

Ғанӣ, ки 2-юми август дар ҷаласаи ҳарду палатаи порлумони Афғонистон суханронӣ мекард, гуфт, "далелаш ин аст, ки қарори онҳо ногаҳонӣ гирифта шуд."

Ӯ берун рафтани, ба гуфтааш, ногаҳонии нирӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистонро сабаби якбора бад шудани вазъи амниятии Афғонистон номид ва Вашингтонро аз "пайомадҳо"-и ин қарор ҳушдор дод. Айни замон, ӯ гуфт, ҳукумат нақша дорад, ки дар шаш моҳ вазъиятро зери назорат гирад ва Иёлоти Муттаҳида аз ин нақша пуштибонӣ мекунад.

Тимановская ба сафорати Лаҳистон (Полша) ворид шуд

Кристина Тимановская

Варзишгари беларусӣ, Кристина Тимановская, ки бо қарори мақомоти Беларус ба бозиҳои олимпӣ роҳ дода нашуд ва тавонист, аз маҷбурӣ бурда шуданаш ба Минск пешгирӣ кунад, рӯзи 2-юми август вориди бинои сафорати Лаҳистон (Полша) шуд. Ӯ шабро дар фурудгоҳи Токио саҳар кард.

Варзишгари 24-сола гуфт, ният дорад, аз мақомоти Полша паноҳандагии сиёсӣ дархост кунад, чун ҳарос дорад, ки дар ватанаш ҳабс мешавад.

Дар миёни созмонҳое, ки ба кӯмаки варзишгари беларусӣ омода шуданд, Комиссариати олии Созмони Милал дар мавриди паноҳандагон ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Украина, ҳамсари ӯ Арсений Жданевич ба Украина расидааст. Барои ёрӣ ба Тимановская ба камияш се кишвар -- Фаронса, Полша ва Ҷумҳурии Чех пешниҳод додаанд.

Худи ӯ чанде пеш дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, намехоҳад ба Беларус баргардад ва аз Кумитаи байналмилалии олимпӣ дархост кард, ба қазияаш дахолат кунад. Варзишгари беларусӣ гуфт, зери фишори мақомоти кишвараш аст ва онҳо мехостанд, маҷбурӣ ӯро ба Минск баранд.

Қарор буд, Тимановская 2-юми август дар мусобиқаи дави 200-метрӣ иштирок кунад, вале, ба гуфтааш, намояндагони мунтахаби олимпии Беларус рӯзи якшанбе ӯро бо зӯр ба фурудгоҳ бурданд. Бунёди ҳамраъйии варзишии Беларус дар як муроҷиат ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ хост, ба ин варзишгар кумак кунанд.

Худи Тимановская мегӯяд, қарори ба ватан баргардонидани ӯ аз як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад, ки дар он рафтори мақомдоронро танқид карда, гуфтааст, бо гуноҳи онҳо шумори зарурии иштирокдорони дави эстафета ҷамъ нашуданд.

Сафири Тоҷикистонро дар Русия иваз карданд

Имомуддин Сатторӣ ва Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода

Имомуддин Сатторӣ, сафири Тоҷикистон дар Русия, ки ҳамзамон намояндаи расмии кишвар дар Арманистон буд, рӯзи дувуми август аз мақом озод карда шуд. Дар фармони раиси ҷумҳурӣ сабаби тасмимро нагуфтаанд.

Сатторӣ баҳори соли 2014 ба ин мансаб таъин шуда буд. Аз он пештар сафири Тоҷикистон дар Олмон буд.

Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, ба ҷойи ӯ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро намояндаи Тоҷикистон дар Русия таъин карданд. Гулмаҳмадзода то кунун дар мансаби муовини нахуствазир кор мекард. Пештар раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва аз он қабл раиси вилояти Хатлон буд. 60-сола аст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав яке аз намояндагиҳои расмии кишвар дар хориҷа дониста мешавад. Ба ҳисобҳои гуногун дар Русия аз ним то як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд ва пулҳои фиристодаи онҳо бахши муҳими иқтисоди хонаводаҳост.

Номи сафорат ҳам пайваста дар масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи муҳоҷирон, боздошту раҳоии онҳо, кумак ба дармондагон, дарёфти санадҳои расмӣ ва солҳои охир вобаста ба парвози ҳавопаймоҳову билети сафар бештар расонаӣ мешавад.

Баъзе аз муҳоҷирон ва ҳомиёни ҳуқуқи онҳо ҳамвора аз тарзи кори сафорат ва бархурдаш бо мушкили муҳоҷирон танқид мекунанд. Аммо дар намояндагии расмӣ ҳамеша гуфтаанд, ки дар фикри муҳоҷирон ҳастанд ва ҳеч дархости онҳоро бепосух нагузоштаанд.

Рӯзи 2-юми август дар чанд намояндагии дигари Тоҷикистон дар хориҷа тағйирот сурат гирифтааст. Бино бар он, Файзулло Холбобоевро аз мансаби сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Молдова барканор карданд. Давлаталӣ Назризода, сафири Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон масъулияти намояндаи расмии кишвар дар Молдоваро бар уҳда дорад.

Хусрав Нозирӣ, ки то ин дам муовини вазири корҳои хориҷӣ буд, акнун дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ таъин шуд.

Аскар Оқоев, президенти пешини Қирғизистонро баъд аз солҳо фирор аз Русия "овардаанд"

Аскар Оқоев. Акс аз бойгонӣ

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар дод, ки президенти собиқи ин кишвар Аскар Оқоевро аз Маскав ба Бишкек оварданд ва ҳоло дар ихтиёри гуруҳи тафтишотӣ аст.

Масъулони ин ниҳод рӯзи 2-юми август дар изҳороте гуфтанд, Оқоеви 76-cола бар асоси парвандаи фасод дар тарҳи “Қумтор” таҳти ҷустуҷӯ буд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, "дар натиҷаи чораҳои андешидаи КДАМ президенти пешин, Аскар Оқоев, ба Бишкек оварда шуд ва ҳамон замон ба ихтиёри гурӯҳи тафтишотӣ гузашт. Ҳоло ӯ дар бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ аст. Бо иштироки ӯ корҳои тафтишотӣ баргузор мешавад".

Оқоев аз соли 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд. Бо сар задани инқилоби лолаӣ ӯ ва аъзои оилааш дар Русия сарпаноҳ ёфтанд ва худи ӯ ҳеч гоҳ ба Қирғизистон нарафта буд.

Қамчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон, рӯзи 8-уми июл гуфт, президентони собиқ – Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев – дар чаҳорчӯби парвандаи марбут ба тарҳи “Қумтор” дар ҷустуҷӯ қарор доранд.

Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, дар додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди ин қазия собит хоҳад кард, ки ширкати канадаии Centerra Gold Inc. ба раҳбарони собиқи кишвар ришва додааст.

Назари худи Оқоев нашр намешавад. Додситони кулли Қирғизистон соли 2019 гуфта буд, ки дар сурати ба кишвар баргаштанаш, ӯ бозпурсӣ хоҳад шуд.

Эҳтимоли бозгашти Аскар Оқоев ба Қирғизистон баъди 16 соли фирор ба Русия

18 августи соли 2016. Аскар Оқоев дар Маскав дар як конфронси бахшида ба 25-солагии талоши таладдулоти давлатӣ иштирок мекунад

Матбуоти маҳаллии Қирғизистон хабар дод, ки президенти нахустини Қирғизистон Аскар Оқоев рӯзи 2 август ба Қирғизистон бармегардад. Ин маълумотро ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ ҳам манобеи дохилӣ тасдиқ карданд. Оқоев солҳои 1990 то 2005 президенти Қирғизистон буд ва баъди инқилоби моҳи март ӯ ва аъзои оилааш дар Русия паноҳ ёфтанд. Чанде пеш раҳбари КДАМ-и Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, ки президентони собиқ Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев дар чаҳорчӯби парвандаи марбут ба тарҳи “Қумтор” ва фасоди молии марбут ба ин қазия дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, ки президентҳои пешина Аскар Оқоев ва Қурмонбек Боқиев вобаста ба парвандаи Қумтор ва порагирӣ ҷустуҷӯ карда мешаванд. Ҳукумати Қирғизистон эълом дошт дар додгоҳи байналмилалӣ исбот хоҳад кард, ки ширкати канадагии Centerra Gold Inc. ба рохбарони собики кишвар пора додааст.

Сабабҳои ба кишвар баргаштани Оқоеви 76-сола ва он ҳам дар ҳоле ки ӯро хатари зиндонӣ шудани дарозмуддат таҳдид мекунад, маълум нест, ҳамонгуна ки номаълум аст оё ӯ бо хоҳиши худ бармегардад ё на. Назари худи Оқоев ба ин хабар нашр намешавад. Соли 2019 додситони кулли Қирғизистон гуфта буд, ки агар Оқоев ба кишвар баргарадад, бино бар айбномаи нисбаташ эълоншуда, мавриди бозпурсӣ қарор хоҳад гирифт.

ИМА ва Бритониё ҳам Эронро барои ҳодиса дар баҳр гунаҳгор карданд

Киштии Mercer Street моли Ҷопон буда, дар обҳои баҳри Араб таҳти парчами Либерия ҳаракат мекард. Ширкати оператор ё мудири он Zodiac Maritime-и исроилӣ будааст. Акси киштӣ аз соли 2015

ИМА ва Бритониё аз иттиҳомоти Исроил пуштибонӣ карда, гуфтанд, ки дар пушти ҳамлаи ҳафтаи гузашта ба як нафткаши исроилӣ дар соҳилҳои Уммон, ки дар натиҷа ду нафарро кушта бар ҷой гузошт, Эрон истодааст. Дар ҳодисаи ҳамла ба як нафткаши ҷопонии Mercer Street, ки таҳти парчами Либериа шино мекарду мудирияташро ширкати исроилӣ анҷом медод, ду нафар - як бритониёӣ ва як руминӣ ҷон доданд. Ин нахустин ҳодисаи ҳамлаи маргбор ба як киштии тиҷоратӣ дар ин обҳои баҳри Араб буда, раҳбарони минтақавӣ онро ба бадтар шудани робитаҳо бо Эрон дар солҳои охир рабт доданд.

Доминиик Рааб, вазири корҳои хориҷии Бритониё дар изҳороте гуфт, “мо бовар дорем, ки ин як ҳамлаи махсус ва ҳадафмандона буд ва он нақзи ошкорои қонунҳои байналмилалӣ аз ҷониби Эрон мебошад”. Ӯ гуфт, ки Бритониёву муттафиқонаш дар андешаи пиёда кардани тадбирҳои ҳамоҳангшуда дар посух ба ин ҳамла мебошанд. Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен дар изҳороти баъди ин гуфт, “ҳеҷ чизе ин ҳамларо сафед карда наметавонад”.

Дар Теҳрон сухангӯи вазорати хориҷа Саид Хатибзода иттиҳомоти ғарбиҳоро “бепоя” номид.

Мақоми аврупоӣ мавзӯи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Литваро баррасӣ мекунад

Муҳоҷироне, ки ба марзи Литва гузаштаанд, аксар аз Ироқ мебошанд. Онҳое, ки боздошт шуданд, дар марз нигаҳдорӣ мешаванд

Як мақоми баландпояи Иттиҳоди Аврупо ба Литва меравад, то бо мақомоти ин кишвар масъалаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз хоки Беларус ба Аврупоро баррасӣ кунад. Мақомоти Литва гуфтанд, моҳҳои охир омори шахсоне, ки аз Беларус ба Литва ба таври ғайриқонунӣ ворид мешаванд, якбора афзоиш ёфтааст ва аврупоиҳо ин вазъиятро ҳамчун қассосгирии Минск аз Аврупо барои таҳрими режими саркӯбгари Александр Лукашенко арзёбӣ мекунанд. Литва инчунин қароргоҳи Светлана Тихановская шуд, ки баъди натиҷаҳои баҳсбарангези интихоботи президентии Беларус дар ин кишвар мустақар ва раҳбарии ҳаракатҳои мухолифони кишварашро ба ӯҳда гирифт.

Дар изҳороти Брюссел гуфт мешавад, ки комиссионери аврупоӣ оид ба умури дохилӣ Илва Йоҳанссон дар Вилнюс бо нахуствазири Литва Ингрида Симоните дидору гуфтугӯ мекунад. Баъди ин Йоҳанссон бо ҳамроҳии вазири дохилӣ Агне Билотайте ба гузаргоҳи марзии Падварионис мераванд.

Ҳафтаи гузашта танҳо дар давоми як рӯз ҳудудан 200 нафар аз сарҳад убур карданд ва шумори умумии муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Литва ба 3500 нафар баробар шуд. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта муҳоҷирони ғайриқонунӣ танҳо 81 нафарро ташкил додаанд. Аксари онҳо дархости паноҳандагӣ доданд.

Литва, як кишвари назди Балтика, бо Беларус 680 км марзи муштарак дорад ва мақомоти Минскро дар он муттаҳам кард, ки махсус барои убури марз аз ҷониби муҳоҷирони ғайриқонунӣ шароит фароҳам мекунад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG