Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмерт ҳамлаи яҳудиҳоро ба фаластиниҳо танқид кард


Нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт сокинони шаҳракҳои яҳудинишинро дар Каронаи Ғарбӣ барои ҳамла болои як деҳаи фаластинӣ танқид кард. Ин ҳодиса дирӯз, дар пайи он рух дод, ки як марди фаластинӣ писарбачаи нӯҳсолаи исроилиро корд зад. Олмерт имрӯз дар нишасти ҳукуматӣ гуфт, ки "дар давлати Исроил азияту куштори зиддияҳудиён ҷой нахоҳад дошт". Дар пайи ҳамлаи яҳудиёни деҳотӣ болои фаластиниҳо дасти кам шаш фаластинӣ маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG