Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамринҳои муштараки нирӯҳои Тоҷикистону Русия


Дар ҷануби Тоҷикистон дар мавзеи Мумирак даври ниҳоии тамринҳои муштараки зиддитеррористии нирӯҳои Тоҷикистон ва Русия ба анҷом расид. Итар-Тасс менависад, дар маневрҳои низомӣ полки 149-уми пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон ва аз ҷониби Тоҷикистон воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии ин кишвар ҷалб шудаанд. Тамринҳои низомӣ рӯзи 9 сентябр шурӯъ шуда, рӯзи шанбе натиҷагирӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG