Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Юриши Айк ба Техас


Тундбодҳои шадиде бо суръати 170 километр дар як соат, ки чун гирдбоди "Айк" шинохта шудааст, аёлати Техаси Амрико ва соҳилҳои манотиқи атрофро асар кардааст. Ин тӯфони шадид, ки масоҳаташ 1000 километр гуфта мешавад, ҷазираҳои Галвестонро субҳи барвақт бо мавҷҳои баландиаш 6 метр ҳамла кард. Дар кулли ин минтақа обхезиҳои шадид мушоҳида шуда, хатҳои барқ аз кор баромадааст. Ҳоло гирдбод ба самти шаҳри чаҳоруми бузургтарини ИМА Ҳюстон, манзили панҷ миллион одам ҳаракат дорад. Майкл Чертофф, вазири умури дохилаи Амрико ин ҳодисаи табииро чун як фоҷеаи эҳтимолӣ сифат дода гуфтааст, ки хадамоти изтирорӣ дар ҳоли омодабош қарор доранд.
XS
SM
MD
LG