Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷарои дипломатии Венесуело ва Амрико


Ҳуго Чавез-раиси ҷумҳури Венесуело дар заминаи муноқишаҳои лафзии афзояндаи миёни Вошингтон ва раҳбарони чапгарои кишварҳои Амрикои Лотин сафири Амрикоро аз кишвараш ихроҷ кард. Чавез мегуяд, ин тасмимаш ба нишонаи ҳимоят аз Ево Моралес-раиси ҷумҳури Боливиёст, ки ҳафтаи ҷорӣ Дадди Патрик-сафири Амрикоро хориҷ ва уро барои дахолат дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ муттаҳам кардааст. Ҳуго Чавез мегуяд:

"Сафири Амрико 72 соъат дорад, то Венесуелоро тарк кунад. Мо ин тасмимро барои ҳамбастагӣ бо Боливия ва мардуми Боливия гирифтаем".
Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ ду ҳавопаймои бомбафкан ва дурпарвози Руссия дар Венесуело фуруд омад ва Чавез гуфт, ки ин кор ба хотири таҳкими робитаҳои низомӣ ва мухолифат бо нуфузи Амрико дар минтақа анҷом гирифтааст.
XS
SM
MD
LG