Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венесуэла сафири ИМА-ро аз кишвар ихроҷ кард


Ҳуго Чавес
Ҳуго Чавес

Раисҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавез, ба нишони ҳамраъйӣ бо Боливия, сафири ИМА-ро аз қаламрави мамлакат хориҷ намуд.

Чавез барои қаламрави Венесуэларо тарк кардан ба сафири амрикоӣ 72 соат муҳлат додааст. Инчунин сафири Венесуэла дар Вашингтон бозхонд шудааст.
Чанде пеш раисҷумҳури Боливия Эво Моралес бо иттиҳоми пуштибонӣ аз эътирозҳои мухолифин сафири ИМА дар Боливия Филипп Голдбергро аз кишвараш ихроҷ карда буд, ки дар аксуламал ба ин маъмурияти президент Буш, ҳама иттиҳомоти алайҳи Голдбергро «беасос» эълом намуда, сафири Боливияро аз Вашингтон ихроҷ кард.
Дар моҳи январи соли 2007 ҳукумати Боливия дар бораи ҷорӣ кардани раводидҳои (визаҳои) вурудӣ барои шаҳрвандони ИМА-ро декрети махсус қабул намуда буд. Ҳамзамон раисҷумҳур Моралес аз тариқи телевизиони миллии кишвар суханронӣ намуда, эълом намуд, ки ин чора ба «барқарорсозии адолату тавозун дар муносиботи қунсулии байни ду давлат» равона шудааст.
Дар ҳоле, ки дар раъйпурсии 10-уми августи соли ҷорӣ ҳудуди ду сеяки шаҳрвандони Боливия аз Эво Моралес пуштибонӣ намуданд, вазъ дар ин кишвар ҳамоно муташанниҷ боқӣ мемонад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ҳадди ақалл, 5 вилояти Боливия барои мухторияти васеъи дорои имкони баъдану ҷудо шудану кишвари ҷадиде бо номи «Миллати водӣ» ташкил намудан талош мекунанд. Гуфта мешавад, ки дар ин манотиқ захоири асосии гози табиъӣ ва 80%-и ММД истеҳсол шуда, мақарри зисти беш аз 65%-и аҳолии имрӯзаи Боливия мебошанд.
XS
SM
MD
LG