Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Венесуэла сафири ИМА-ро ихроҷ кард


Президенти Венесуэла Ҳуго Чавез ба нишони ҳамраъйӣ бо Боливия сафири ИМА-ро аз Венесуэла ихроҷ намуд. Чавез ба сафири амрикоӣ барои тарки Венесуэла 72 соат додааст. Ӯ ҳамчунон сафири Венесуэла дар Вашингтонро бозхондааст.
Чанде пеш президенти Боливия Эво Моралес сафири ИМА-ро бо иттиҳоми пуштибонӣ аз эътирозҳои мухолифин аз кишвараш ихроҷ кард. Дар ҷавоб маъмурияти президент Буш сафири Боливияро аз Вашингтон ихроҷ намуда буд.
XS
SM
MD
LG