Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарони ИА ва Укроин дар Порис музокирот мекунанд


Дар Порис нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо (ИА) ва Укроин идома дорад. Раисиҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ, раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо ва раҳбари бахши сиёсати берунаи ИА Ҳовиер Солана дар Кохи Елисей бо раисиҷумҳури Укроин Виктор Юшенко музокирот анҷом медиҳанд. Интизор меравад, ки ҷонибҳо хостори таҳкими равобит шаванд ва аммо ИА ба дархости Укроин барои имкони вурудаш ба Иттиҳодия посухи рушану мушаххас нахоҳад дод.

Дар лаҳзаи ахир макони баргузории нишасти сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Укроин тағйир ёфт ва он на дар Эвиан, балки дар Порис баргузор шуд. Сабаби тағйири мавзеъро Кохи Елисей бо он омил марбут кард, ки музокироти раҳбарони ИА дар Маскав ва Тифлис ба дарозо кашид.

XS
SM
MD
LG