Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Федерер қаҳрамони ИМА шуд


Теннисбози швейтсарӣ Роже Федерер бори панҷум дар чемпионати озоди ИМА пирӯз шуд.
Федерер дар қуваозмоии ниҳоӣ бар варзишгари биртаниявӣ Эндӣ Маррӣ дастболо шуд. Ҳамин тариқ Федерер 13 дафъа ба пирӯзӣ дар қуваозмоиҳои бузургтарини теннис маъруф бо номи Grand Slam муваффақ шудааст. Натиҷаи аз ин беҳтар 14 пирӯзии Grand Slam насиби теннисбози амрикоӣ Пит Сампрас шудааст.
XS
SM
MD
LG