Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Журналистикаи тоҷик: «Туро газад, маро чи ғам»?


Даъвати журналистони тоҷик барои ҳамбастагӣ ва ҳамраъйӣ дар ҳолест, ки ҷудоиандозӣ миёни онҳо авҷ гирифтааст.

Таҳлилгарон бо нигаронӣ аз набуди ҳамраъйӣ миёни журналистони тоҷик ин амрро ба пойин будани сатҳи ҳирфаӣ, вуҷуди ғаразҳо ва бархӯрди манофеъи шахсӣ марбут медонанд.
Ҷӯра Юсуфӣ, муҳаррири ҳафтаномаи «Варорӯд», мегӯяд, “ҳукуматӣ” ва “ғайриҳукуматӣ” будан баҳонаи аслии аз ҳам фосила гирифтани журналистони тоҷик аст, ки яке аз фаъъолияти ҳукумат пуштибонӣ ва дигаре аз фаъъолияти ҳукумат интиқод мекунад: Журналистони тоҷик ба чандин фирқа тақсим шудаанд: журналистони матбуъоти, ба истилоҳ, озод ва журналистони матбуъоти ҳукуматӣ. Ҳамин тавр, як ҷудоии бисёр амиқе дар миёни журналистон бино бар мансубияташон ба ин ё он васоити ахбори умум эҳсос мешавад.
Ба ин тартиб, мегӯяд оқои Юсуфӣ, рисолати аслии журналист дар канор монда, васоити ахбори Тоҷикистон ба як саҳнаи таблиғот ва бархӯрди манофеъ табдил шудааст.
Бо ишора ба ин нукта, Раҷаби Мирзо, сардабири нашрияи чопаш мутаваққифшудаи «Рӯзи нав», мегӯяд, ки, ҳарчанд ибораи “васоити ахбори омма ва таблиғ” баъд аз фурӯпошии Шӯравӣ ба ибораи “васоити ахбори умум” мубаддал шуд, лекин вожаи “таблиғ” ҳанӯз дар мафкураи журналистони тоҷик ғоибона боқист: “Воситаҳои ахбори омма. Дар ин ҷо “таблиғ” ҷой надорад. Вале дар мафкураи журналистони тоҷик, созмонҳои журналистӣ ва идораи нашрияҳое, ки ҳоло дар Тоҷикистон фаъъоланд, ҳамингуна ақида сахт ҷой гирифтааст. Онҳо чунин мешуморанд, ки ҳатман касеро ва ё чизеро бояд таблиғ кард. Асли бархӯрд ва нифоқҳое, ки байни созмонҳо ва идораи нашрияҳо ба вуҷуд меояд, ҳамин аст”.
Раҷаби Мирзо меафзояд, ин ҳамаро метавон дар матбуъоти даврии Тоҷикистон ҳам эҳсос кард, ки гоҳо ба сӯи ҳамдигар санги маломат мепартоянд ва гоҳе ҳам аз худ биҳиштиву аз дигарон дӯзахӣ месозанд: “Бидуни парда изҳор мекунам, ки имрӯз миёни журналистони тоҷик ҳамраъйии журналистӣ дида намешавад, бахусус дар байни журналистикаи матбуотӣ. Фикр мекунам, барои ин гуна даъво ҳақ дорам”.
Бештари журналистон аз мавҷуд набудани ҳамраъйӣ ва тақсимбандии ҳамкасбони худ сухан гуфта, муносиботи сарди роҳбарони дафтарҳои матбуъотии идороти расмии Тоҷикистонро низ мисол меоранд. Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди онки дар кишвар як ёддошти ҳусни тафоҳум миёни журналистони васоити ахбори умум ва роҳбарони дафтарҳои матбуъотӣ имзо шудааст, дастрасӣ ба иттилоъи расмӣ рӯзбарӯз мушкилтар мегардад.
Илҳоми Ҷамолиён, сухангӯи раиси вилояти Суғд, агарчи ин иддаъоро рад намекунад, вале мегӯяд, онҳо низ муваззафанд, ки аз кори муассисонашон ҳимоят кунанд: “Дуруст аст, онҳое, ки дар расонаҳои ҳукуматӣ кор мекунанд, аз фаъъолияти мақомоти расмӣ матолиб омода месозанд, то мардум низ огоҳ шаванд. Аз ин рӯ, онҳоро намешавад айбдор кард, ки бояд ин корро накунанд. Хоҳу нохоҳ ин вазифаи онҳост”.
Ба қавли И. Ҷамолиён, ин вазъиятро ҳеч кас ва ба ҳеч ваҷҳ наметавонад тағйир диҳад, ба ҷуз инки журналистон дар қиболи ҳама мавзӯъҳо ва мушкилҳо мавқеъи яксон бигиранд ва барои дифоъи ҳамдигар ҳамовозӣ кунанд. Гузашта аз ин, ҳамсуҳбати мо бовар надорад, ки созмонҳои журналистӣ тавонанд дар Тоҷикистон журналистонро ба ҳам муттаҳид кунанд ва ба ҷудоиандозӣ миёни онҳо хотима бахшанд, зеро шарти феълии ин “бозор” якест: «Туро газад, маро чи ғам?»
XS
SM
MD
LG