Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон роҳи икмолотии Афғонистонро баст


Покистон роҳи асосии икмолотии нерӯҳои байнулмилалӣ дар Афғонистонро масдуд кард. Гуфта мешавад, ин иқдом ҷавобан ба ҳамлаи нерӯҳои Амрико ба хоки Покистон гирифта шудааст. Мақомоти Покистон мегӯянд, дар ин ҳамла дар умқи қаламрави ин кишвар 20 нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шудаанд. Вазири дифоъи Покистон Чаудрӣ Аҳмад Мухтор гуфтааст, интиқоли бор барои нерӯҳои байнулмилалӣ аз ағбаи Хайбар баста шудааст, то ба Иёлоти Муттаҳида сабақ гардад. Тасмими Покистон ба бастани роҳи икмолотӣ вокуниши манфии ҳукумати Афғонистонро ба миён овард.
XS
SM
MD
LG