Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони Кумисюни марказии интихоботии Покистон


Қонунгузорони покистонӣ Осаф Алӣ Зардорӣ, шавҳари сарвазири мақтули Покистон, Беназир Бҳутторо президенти нави кишвар интихоб карданд. Раиси Кумисюни марказии интихоботии Покистон, Қозӣ Муҳаммад Форуқ дар баробари издиҳоме аз ҳавохоҳони Зардорӣ гуфт: "Ҷамъан 436 нафар дар порлумони марказӣ райъ дод. Аз инҳо 10 раъй ноқобил шумурда шуд ва аз 426-таи боқимонда Осаф Алӣ Зардорӣ 281, Сайидуззамон Сиддиқӣ 11 ва Мушаҳид Ҳусайн Сайидл 34 раъй гирифтанд." Дар музофоти Покистон Зардорӣ дар Вилояти Шимолу Ғарби Марзӣ камтарин раъйро ба даст овард, ҳамагӣ 22 аз 65. Ин минтақаи даргирии нерӯҳои давлат бо ошӯбгарон мебошад.
XS
SM
MD
LG