Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон 8 ситезаҷӯ кушта шуданд


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ҳамлаҳои ҳавоии субҳи имрӯз, ки алайҳи як фармондеҳи Толибон нигаронида шуда буд, ҳашт гумонбари ситезаҷӯ ва ду мулкиро кушта ба ҷо гузошт. Мақомот мегӯянд, ки нирӯҳои артиши миллии Афғонистон ва Амрико ба вулусволии Бакво дар вилояти Фараҳ шоми сешанбе дохил шуда вориди як даргирии чаҳорсоата шуданд. Гумон меравад, ки ҳадафи ҳамла фармондеҳ Мулло Фозил, қумандони аршади Толибон буд, ки тибқи гузоришҳо кушта шудааст. Нирӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико ин ҳодисаро таъйид карданд, аммо гуфтанд, ки шаш ҷангӣ баъди ҳамла болои нирӯҳои афғониву амрикоӣ нобуд карда шуданд.

XS
SM
MD
LG