Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Райс аз вокуниши Аврупо қаноатманд аст


Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс гуфт, аз паёмҳои мушаххаси Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА дар бораи маҳкумияти Русия аз иқдомҳояш дар қиболи Гурҷистон хеле қаноатманд аст. Райс афзуд:

"Ман мутмаинам Русия дарк мекунад, ки худро дар инзивои бештар қарор додааст ва роҳи дигаре ба ҷуз иҷрои ӯҳдадориҳо ва тағйир додани рафтораш надорад".

Райс имрӯз бо як сафари кӯтоҳ дар Португалия буд ва ин изҳоротро дар ҳамон ҷо ироа кард. Дар нишасти ахири бахшида ба Гурҷистон, Иттиҳодияи Аврупо иқдомоти Маскавро дар ин кишвари қафқозӣ маҳкум кард, аммо барои ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи Маскав - таъминкунандаи аслии захираҳои энержиаш худдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG