Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо ҳайати нозиронро ба Гурҷистон мефиристад


Вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо нишасти дурӯзаи худро барои баррасии роҳҳои ирсоли ҳайати ғайринизомии изтирории худ ба Гурҷистон барпо мекунанд. Баъди бозгашти раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ аз сафари Маскав қарор аст, ки ҳайати иборат аз беш аз 200 нафар ба Гурҷистон эъзом шавад. Фаронса моҳи гузашта дар пайи мухолифатҳои низомии Русияву Гурҷистон дар Осетияи Ҷанубӣ ташаббускори имзои созиши оташбас шуд. Аммо Маскав баъди ин ҳам як бахши нирӯҳояшро дар қаламрави марзии миёни Гурҷистону ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубиву Абхозистон, ба қавли вай дар манотиқи амн, мустақар кард.
XS
SM
MD
LG