Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Mount Whitney ба соҳилҳои Потӣ расид


Mount Whitney, як киштии бузурги нирӯҳои дарёии Амрико ба соҳилҳои шаҳри бандарии Потии Гурҷистон расид. Моҳи гузашта шаҳри Потӣ мавриди бомборони нирӯҳои русӣ қарор гирифт ва ҳанӯз ҳам ин шаҳрро низомиёни Русия назорат мекунанд. Мақомоти Амрико гуфтанд, ки киштӣ кӯмакҳои башариро ба Гурҷистон интиқол медиҳад. Ин сеюмин киштии ҳомили кӯмакҳо аст, ки ба Гурҷистон фиристда мешавад, аммо дафъаҳои пеш ду киштӣ дар обҳои Батумӣ, ҷануби Потӣ қарор гирифта буд. Русия аз ҳузури низомии НАТО ва Амрико дар обҳои баҳри Сиёҳ нигарон аст. Сухангӯи вазори хориҷаи Русия бо пахши изҳороте иддао кардаааст, ки киштии мазкур ҳомили кӯмакҳои низомӣ ба Гурҷистон будааст.
XS
SM
MD
LG