Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли баргузории референдум дар Тайланд


Нахуствазири Тайланд Самак Сундаравей имрӯз гуфт, ки вай баргузории раъдиҳӣ ё референдуми сартосариро барои хатми эътирозҳои хиёбонӣ алайҳи ӯ, ки боиси фалаҷшавии кишвар шудааст, андеша дорад. Вай гуфт, аз раъйдиҳандагон пурсида мешавад, ки оё онҳо хоҳиши истеъфо рафтани ҳукумати ӯро доранд ё на. Вай гуфт, ки референдум имкон дорад дар 30 рӯзи баъди тасвиби ин қарор аз ҷониби Сенат баргузор шавад. Ҳазорҳо тазоҳургарони зиддиҳукуматӣ, ки мегӯянд, то замони барканор шудани Самак эътироз хоҳанд кард, дар сохмони ҳукуматӣ хайма задаанд.
XS
SM
MD
LG