Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чейнӣ: ИМА манфиатдори некӯаҳволии Қафқоз аст


Ноиб-президенти ИМА Дик Чейнӣ мегӯяд, ИМА манфиатдор аст, ки вазъи муттафиқонаш дар минтақаи Қафқоз беҳбуд ёбад.
Рӯзи чоршанбе дар шаҳри Боку дар ҷараёни нишасти муштараки матбуотӣ бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев Чейнӣ гуфт:
"ИМА ва Озарбойҷон умумияти зиёд доранд. Мо ҳар ду дар ин гӯшаи ҳаётан муҳими олам баҳри назму субот ва ҳамкорӣ талош меварзем. Мо ҳамроҳ баҳри амнияти энергетикӣ барои худамон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷадал намуда, ба сулҳ содиқ мебошем. Яке аз усули биноии амнияту субот эҳтироми марзҳои миллӣ мебошад, ки дар ҷаҳони имрӯза зери хатар қарор гирифтааст."
Ноиб-президенти ИМА афзуд, ки Вашингтон бо Озарбойҷон дар бунёди роҳҳои нави содирот ҳамкорӣ мекунад. Чейнӣ аз амалиёти низомии Русия дар хоки Гурҷистон шадидан интиқод кард.
Имрӯз Чейнӣ ба Гурҷистон ва аз он ҷо ба Украина сафар мекунад.

XS
SM
MD
LG