Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Маскав китоби "Мероси Рӯдакӣ" аз чоп баромад


Бино ба хабарҳои матбуъотӣ, дар Маскав китобе бо номи "Мероси Рӯдакӣ" аз чоп баромад. Муҳаммади Эгамзод-раҳбари ширкати матбуъотии "Таҷинфо" дар Русия гуфтааст, дар ин китоб ҳамчунин мақолаҳое ҷамъ оварда шудаанд, ки дар конфронси илмии 4-уми июни соли ҷории Маскав роҷеъ ба 1150-солагии Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ қироъат шуда буданд. Ин конфронс ба ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Русия ва Иттиҳоди байналмиллалии нависандагон баргузор шуда буд.
XS
SM
MD
LG