Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА хабари ҳалокати мардуми осоиштаро рад кард


Эътилофи байналмилалии таҳти фармони ИМА имрӯз аз анҷоми тафтиши қазияи ҳалокати мардуми осоишта бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомӣ дар вилояти Ҳироти Афғонистон хабар дод. Низомиёни амрикоӣ иттилои қаблӣ дар бораи ҳалокати 90 нафарро рад карда изҳор намуданд, ки тибқи тафтишот, аз миёни афроди дар ҳамлаи рӯзи 22 август ҷонбохта ҳамагӣ 7 тан сокинони осоишта буданд. Аз ин пеш як комиссиёни вижаи ҳукумати Афғонистон ҳалокати 90 сокини осоишта, асосан кудакони деҳаи Азизободи Ҳирот бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомии амрикоиро тайид карда буд.

Имрӯз нерӯҳои байналмилалии таъмини амният дар Афғонистон даст доштани сарбозони худ дар ҳалокати чаҳор сокини осоиштаи канори шаҳри Кобул, аз ҷумла, ду тифлро рад карданд. Дирӯз садҳо сокинони Кобул ба хиёбонҳо рехта алайҳи ҳалокати мардуми осоишта дар амалиёти кофтукоби ошубгарон дар маҳаллаҳои атрофи пойтахт эътироз карданд. Ҳайати фармондеҳии эътилофи байналмилалӣ изҳор намуд, ки низомиёни хориҷӣ дар ин амалиёти вижа дар канори шаҳри Кобул ширкат надоштанд.

XS
SM
MD
LG