Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои Қазоқистон


Донишгоҳи миллии омӯзгории Қазоқистон ба номи Абой
Донишгоҳи миллии омӯзгории Қазоқистон ба номи Абой

Имсол ба донишгоҳҳои олии Қазоқистон 63 хатмкардаи макотиби таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон шомил шуданд.

Ин иттилоъро Шавкат Ибодов, мутахассиси пешбари вазорати маорифи Тоҷикистон, дар сӯҳбати телефонӣ бо радиои Озодӣ баён намуд. Ба гуфтаи оқои Ибодов, тибқи қарордоди байниҳукуматии ду кишвар, Қазоқистон барои таҳсили хатмкардагони макотиби Тоҷикистон дар донишгоҳҳои хеш 100 ҷой пешниҳод карда буд. Вале соли гузашта 85 ҷавони тоҷик баъди супоридани имтиҳони санҷишии тестӣ ва сӯҳбат ҳаққи таҳсил дар курси омӯзиширо пайдо карда, ба Қазоқистон омада буданд. Аз онҳо баъди 8 моҳи омӯзиши давраи омодагӣ танҳо 67 нафар то ба имтиҳони қабул расиданд. Ҳангоми супоридани имтиҳон 4 нафар ноком шуданд ва ҳамагӣ 63 кас ҳаққи таҳсил дар Қазоқистонро ба даст оварданд.

Аз ҳама бештар, яъне 16 доништалаби тоҷик ба Донишгоҳи нақлиёт ва иртибототи Қазоқистон шомил шудаанд. Ҳаққи таҳсил дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи Форобӣ ва Донишгоҳи миллии тиббии ба номи Аспандияровро мувофиқан 10 ва 9 нафарӣ аз Тоҷикистон ба даст оварданд. Ҳамчунин 28 хатмкардаи макотиби Тоҷикистон таҳсили хешро дар 8 донишгоҳи ин кишвар, мисли Донишгоҳи равобити байнулмилалӣ ва забонҳои ҷаҳон, Донишгоҳи иқтисодии ба номи Рисқулов, Донишгоҳи миллии омӯзгории Қазоқистон ба номи Абой, Донишгоҳи кишоварзӣ, Донишгоҳи миллии фаннии кишвар ба номи Сатпаев идома хоҳанд дод. Ҳамин тавр аз 85 довталаби тоҷик 22 нафар, яъне тақрибан чаҳоряки онон натавонистанд ҳаққи таҳсили ройгон аз ҷониби Қазоқистонро ба даст оваранд.

Таври маълум, қаблан хатмкардагони макотиби Тоҷикистон баъди супоридани имтиҳон дар кишвар ба таври мустақим ба донишгоҳҳои Қазоқистон пазируфта мешуданд. Вале тайи солҳои таҳсил бархе аз донишҷӯёни тоҷик нисбати паст будани донишашон аз забони русиву қазоқӣ аз донишгоҳҳои Қазоқистон хориҷ карда шуданд. Аз ин хотир, шурӯъ аз соли гузашта хатмкардагони макотиби Тоҷикистон барои таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвар аввал дар Тоҷикистон имтиҳони тестӣ месупоранду ба курси омодагӣ пазируфта мешаванд ва онон баъди анҷоми ин курси 8 моҳа дар Қазоқистон барои шомил шудан ба донишгоҳи дилхоҳашон боз имтиҳон месупоранд.

Соли равон низ Қазоқистон барои таҳсил дар курсҳои омодагии донишгоҳҳои олӣ барои Тоҷикистон 100 ҷой тавзеъ кардааст. Ин кишвар донишҷӯён ва давталабони тоҷикро, ки дар курси омодагӣ ва донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, бо идрор ва хобгоҳ таъмин менамояд.

XS
SM
MD
LG