Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин намоишҳои эътирозиро аз сар мегиранд


Аҳзоби мухолифи Ингушетия намоишҳои эътирозӣ дар Назранро аз сар гирифтанианд. Муҳаммад Ҳазбиев, яке аз раҳбарони мухолифин ба Радиои Озодӣ гуфт, ки айни ҳол маркази Назранро мошинҳои милиса ва зиреҳпӯшҳо таҳти назорат доранд. Эътирозгарон гурӯҳ-гурӯҳ ҷамъ омада сӯи маркази шаҳр ҳаракат хоҳанд кард.

Гирдиҳамоии қаблии мухолифин маркази Назран субҳи имрӯз саркӯб шуда буд. Ба иттилоъи сомонаи интернетии “Ингушетия.ру”, гурӯҳи зудамали полис зимни пароканда кардани гирдиҳамоӣ аз силоҳ истифода кард ва бар асари ин чанд кас маҷрӯҳ шудаанд. Хабаргузории Интерфакс бо такя ба мақомоти ҳифзи тартибот иттилоъ медиҳад, ки ширкаткунандагони гирдиҳамоӣ тамоми шаб яке аз хиёбонҳои марказии Назранро баста ва аммо субҳ пароканда шуданд.

Ёдовар мешавем, гирдиҳамоии аҳзоби мухолифи Ингушетия дирӯз шурӯъ шуд. Ширкатдорон хостори тафтиши воқеъбинонаи ҳалокати Муҳаммад Евлоев, соҳиби сомонаи интернетии “Ингушетия.ру” ва истеъфои раиси ҷумҳур Мурод Зязиков шуданд. Муҳаммад Евлоев, ки рӯзи якшанбе дар фурудгоҳи Магаси Ингушетия боздошт шуда буд, бар асари ҷароҳати бардошта дар мошини милиса ба ҳалокат расид. Мақомоти ҳифзи тартибот аз рӯи банди “куштор бар асари беэҳтиётӣ” парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ва аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар ва ҳамсафони Муҳаммад Евлоев марги ӯро “куштори сиёсӣ” мехонанд. Мақомоти Ингушетия сомонаи “Ингушетия.ру”-ро дар пахши матолиби ифротгароёна айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG