Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи собиқ пеш аз мӯҳлат зиндонро тарк кард


Собиқ фармондеҳи нерӯи баҳрии Югославия, ки бо ҷурми тирборони шаҳри Дубровники Хорватия ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум шуда буд, баъди сипарӣ шудани аз се ду ҳиссаи муддати ҳабс бо қарори додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳои низомӣ дар Югославияи собиқ раҳо гардид. Додгоҳ мегӯяд, Миодраг Ҷокич дар зиндон ахлоқи хуб нишон дода, аз кардааш пушаймон шудааст.
XS
SM
MD
LG