Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се тифл дар Пактико


Нерӯҳои эътилофи байнулмилалии таҳти фармони НАТО дар Афғонистон гуфтанд, ки имрӯз дар вилояти Пактико, воқеъ дар ҷанубу ғарбии кишвар тасодуфан се кудаки афғон кушта шуданд.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз садҳо сокинони Кобул ба хиёбонҳо рехта алайҳи ҳалокати мардуми осоишта дар амалиёти кофтукоби ошубгарон аз сӯи нерӯҳои байнулмилалӣ эътироз карданд. Ба гуфтаи онҳо, ахиран дар ҳамин гуна амалиёт дар пойтахт як сокини маҳаллӣ ва ду фарзандаш кушта шуданд.

Моҳи гузашта мақомоти Афғонистон изҳор карданд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомии амрикоӣ дар вилояти Ҳирот тақрибан 90 тан аз мардуми осоишта ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG