Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон муқаррароти визоро ташдид мебахшад


Вазорати хориҷаи Гурҷистон эълон кардааст, ки баъд аз эътирофи ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубӣ аз ҷониби Руссия судури визо барои шаҳрвандони Руссияро ташдид мебахшад. Дар гузашта шаҳрвандони Руссия дар посгоҳҳои марзӣ бо Гурҷистон метавонистанд визои вурудии Гурҷистонро дарёфт кунанд. Вале акнун ин кор танҳо дар консулгариҳои Гурҷистон ва соири муассисаҳои дипломатии ин кишвар имконпазир хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG