Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба қавли Русия G-7 мавқеи якҷониба гирифтааст


Русия гурӯҳи ҳафт кишвари саноатии олам (G-7)-ро бо мавқеъгирии якҷониба дар иртибот бо эътирофи истиқлоли манотиқи Осетияи Ҷанубиву Абхозистони Гурҷистон муттаҳам кардааст.
Вазорати корҳои хориҷии Русия мегӯяд, ҳадаф аз изҳороти гурӯҳи G-7 "сафед намудани таҷовузи Гурҷистон" аст.
Вазирони корҳои хориҷии ҳафт кишвари саноатии олам мегӯянд, Русия истиқлоли Осетияи Ҷанубиву Абхозистонро эътироф намуда, садоқаташ ба назму субот дар Қафқозро таҳти суол қарор дод.
Рӯзи панҷшанбе сарвазири Русия Владимир Путин тахмин кард, ки Вашингтон бо ҳадафи "ташкили шароити муносиб барои яке аз номзадҳои курсии президенти ИМА" бархӯрди моҳи равон миёни Русияву Гурҷистонро доман задааст.
Қасри Сафед ин иддаоро "комилан беасос" меномад.

XS
SM
MD
LG