Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амнияти вилояти Анбар бар дӯши ироқиҳо шуд


Раиси полиси вилоятии Ироқ гуфт, нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида назорати вилояти Анбарро аз якуми сентябр бар дӯши нерӯҳои ироқӣ вогузор мекунанд. Анбар маркази ошӯби хунини суннимазҳабони Ироқ буд ва аз мушкилоти асосии нерӯҳои Амрико ва ҳукумати таҳти сарварии шиъаҳо ба шумор мерафт. Он замоне ба минтақаи ором табдил ёфт, ки пешвоёни қабоили суннӣ дар муқобили ситезаҷӯёни Ал-Қоъида қарор гирифтанд ва ҷузвутомҳои полиси маҳаллиро таъсис доданд. Ин таҷриба намунае барои манотиқи дигари Ироқ шудааст.
XS
SM
MD
LG