Дар анҷумани ҳизб дар шаҳри Денвери иёлати Колорадо вакилон аз Обама пуштибонӣ карданд ва ӯ дар таърихи Амрико нахустин намояндаи африқоитаборҳо гардид, ки аз номи бузургтарин ҳизби сиёсии кишвар барои Кохи Сафед талош мекунад.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар ҷараёни раъйдиҳӣ хонум Ҳилларӣ Клинтон пешниҳод кард, ки раъйдиҳӣ қатъ ва Обама якдилона номзади ҳизб эълон шавад.
Дар интихоботи президентии ИМА, ки қарор аст, рӯзи 4 ноябр доир шавад, Барак Обама бо номзад аз ҳизби ҷумҳурихоҳон Ҷон МакКейн рақобат хоҳад кард.