Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милибэнд дар Киев аз Тифлис ҳимоя кард


Вазири умури хориҷаи Бритониё бо раисҷумҳури Укроин Виктор Юшенко
Вазири умури хориҷаи Бритониё бо раисҷумҳури Укроин Виктор Юшенко

Вазири умури хориҷаи Бритониё Дэвид Милибенд, ки бо як сафари расмӣ дар Киев ба сар мебарад, гуфт, раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев барои дубора шурӯъ нашудани, ба истилоҳ, ҷанги сард масъулияти бузургеро бар дӯш дорад.

“Раисҷумҳури Русия эълом дошт, ки аз ҷанги сарди нав наметарсад. Мо оғози ҷанги нави сардро намехоҳем ва ӯ масъулияти бузурге ба зимма дорад, ки чунин ҷанг шурӯъ нашавад.”

Милибенд афзуд, кишварҳои Ғарб бояд равобити худро бо Русия таҷдиди назар кунанд. Бритониё миёни он кишварҳое буд, ки тасмими Маскав барои эътирофи расмии Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистонро маҳкум намудаанд. Қаблан, Милибанд ба ташкили эътилофи байнулмилалӣ бар зидди, ба истилоҳ "таҷовуз”-и Русия дар Гурҷистон даъват карда буд. Ӯ гуфт, ки Лондон аз истиқлол ва якпорчагии Гурҷистон пуштибонӣ мекунад ва ин якпорчагиро наметавон бо як амр аз Маскав тағйир дод.

Сафари вазири хориҷаи Бритониё ба Киев як рӯз баъд аз эътирофи расмии истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиву Абхозистон аз сӯи Русия доир гашт.

Вазири умури хориҷаи Укроин Владимир Оҳризко, ки ҳамтои бритониёиашро ҳамроҳӣ мекард, мутмаин аст, ки ягона роҳи дифоъ аз демократия дар Укроин ва Гурҷистон пайвастани кишварҳо ба сохторҳои НАТО-ст.

Ин дар ҳолест, ки садри аъзами Олмон Ангела Меркел зимни гуфтугуи телефонӣ бо раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев эътирофи истиқлоли ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистонро нақзи қавонини байнулмилалӣ унвон кард. Баъд аз сӯҳбати телефонӣ бо Медведев Меркел дар бораи мӯҳтавои мулоқот ба хабарнигорон гуфт:

“Ман такрор намудам, ки аз нигоҳи мо, мутаассифона, тарҳи иборат аз шаш банд иҷро нашуд, ба вижа, дар робита ба ҳузури артиши Русия дар бандари Поти ва дигар постгоҳҳо. Ҳамзамон, ман бори дигар равшан изҳор намудам, ки мо якҷоя бо Фаронса эътирофи Абхазистон ва Осетияи Ҷанубиро маҳкум мекунем.”

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар посух ба изҳороти мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва бархе аз кишварҳои аврупоӣ гуфт, танбеҳҳое, ки аз Ғарб мешунаванд, асоси воқеъӣ надоранд.

XS
SM
MD
LG