Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳилларӣ Клинтон аз Обама пуштибонӣ хоҳад кард


Дар анҷумани Ҳизби демократи ИМА, ки дар шаҳри Денвери аёлати Колорадо идома дорад, имрӯз Ҳилларӣ Клинтон, собиқ рақиби аслии Барак Обама дар сабқат барои дарёфти мақоми номзади ҳизб дар интихоботи президентӣ, суханронӣ хоҳад кард. Интизор меравад, ки хонум Клинтон ҷонибдорони худро барои пуштибонӣ аз номзади ягонаи ҳизб даъват кунад. Рӯзи панҷшанбе – дар рӯзи ахири анҷуман Барак Обама барномаи худро муаррифӣ мекунад ва қарор аст, ӯ расман номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябри соли равон эълон шавад.

XS
SM
MD
LG