Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Обама аз пайомадҳои барномаи ҳастаии Эрон


Довталаби курсии раёсатҷумҳурии Амрико аз Ҳизби демократ Барак Обама гуфтааст, таҳримот ва дипломатия алайҳи Эрон бояд чунон истифода шавад, ки Исроил худро дар муқобили Эрон дар бунбаст эҳсос накунад.

Обама дар аёлати Айова гуфт, даст ёфтан ба таслиҳоти ҳастаӣ Эронро ба як тағйирдиҳандаи қоидаҳои бозӣ дар минтақа табдил дода, ба Ҷумҳурии исломӣ имкон медиҳад, дар масоиле, чун террор ва умури Ироқ дасти бештари дахолат пайдо карда, ба ҳамлу нақли нафт таҳдид кунад.

Эрон аммо мукарраран табиъати низомӣ доштани барномаҳои ҳастаияшро радд карда мегӯяд, ҳадафаш танҳо тавлиди нирӯи барқи ҳастаист.

XS
SM
MD
LG