Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймои "Боинг" дар Қирғизистон


Фурудгоҳи Манас дар наздикии Бишкек.
Фурудгоҳи Манас дар наздикии Бишкек.

Дирӯз, 24-уми август, ҳавопаймои хатсайри Бишкек - Машҳад дар дар чандкилометрии фурудгоҳи "Манас"-и Қирғизистон ба иллати фаннӣ суқут намуд.

Сухангӯи фурудгоҳи Манас ба хабаргузориҳо гуфтааст, ҳавопаймои "Боинг-737", мутааллиқ ба ширкати хусусии ҳавонавардии "Итек-эйр", лаҳзае баъд аз канда шуданаш аз замин аз мушкили фаннӣ хабар дод ва дар ҳоле ки халабонҳо тасмими бозгашт ба фурудгоҳро гирифта буданд, дар наздикии деҳаи Янгиери водии Чуй, чандкилометри фурудгоҳи Манас суқут кард.

Намояндаи Вазорати беҳдошти Қирғизистон, Елена Баялинова гуфт, бар асари ин фалокат 68 сарнишини ҳавопаймо кушта, 22 тан захмӣ ва 3 тан бенишон шудаанд.

Пештар сухангӯи фурудгоҳи Манас гуфта буд, ҳавопаймо, ки мебоист ба шаҳри Машҳади Эрон парвоз кунад, 123 сарнишин дошт. Аммо вазири ҳолатҳои изтирории Қирғизистон, Қамчибек Ташиев гуфтааст, ҳавопаймо 90 сарнишин дошт. Дар ҳамин ҳол Вазорати ҳавонавардии Қирғизистон хабар дод, ки 25 нафар аз сарнишинони ҳавопаймо зинда мондаанд. Бештар онҳое ба ҳалокат расидаанд, ки дар курсиҳои миёнаҷои ҳавопаймо менишастанд.

Намояндаи Вазорати беҳдошти Қирғизистон гуфт, 9 нафар аз сарнишинони захмии ҳавопаймои суқуткарда ба бемористон интиқол дода шуданд.

Ҳарбиёни амрикоӣ дар фурудгоҳи Манас ба хабарнигорон гуфтаанд, халабонони ҳавопаймо пас аз 10 дақиқаи парвоз аз мушкилоти фаннӣ хабар додаанд ва теъдоди мусофирон 83 нафар будааст.

"Итек-эйр" ширкати қирғизӣ буда, аммо гуфта мешавад, аз тарафи ширкати "Осмон Эйр"-и Эрон идора мешавад. Бар тибқи номгӯйи Иттиҳоди Аврупо, ба ҳавопаймоҳои "Итек-эйр" парвоз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мамнӯъ будааст.
XS
SM
MD
LG