Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути ҳавопаймо дар Мадрид


Бар асари суқути як ҳавопаймои мусофирбари испониёӣ дар фурудгоҳи шаҳри Мадрид 153 нафар кушта ва 19 нафар захмӣ шудаанд.

Ин охирин ахбор дар бораи қурбониёни суқути ҳавопаймо дар фурудгоҳи шаҳри Мадриди Испанияро Магдалена Алварес, вазири рушди Испания, дар ихтиёри хабарнигорон гузошт.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин ҳодиса 19 нафар ҷон ба саломат бурданд ва аммо вазъи бештари онҳо сангин аст. Ӯ афзуд, ки дар ҳавопаймои ширкати «Spanair» 164 мусофир ва 9 сарнишин ҳузур доштанд.

Суқути ҳавопаймо ба риштаи умри 153 нафар миқроз задааст. Ёдовар мешавем ин ҳавопаймо бояд аз Мадрид сӯи ҷазираҳои Канарӣ парвоз мекард.

XS
SM
MD
LG