Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай ду фармондеҳро аз вазифа сабукдӯш намуд


Ба дунболи бамборони минтақае дар вилояти Шиндонд, ки дар асари он даҳҳо ғайринизомӣ кушта шудаанд, Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон, ду фармондеҳи аршади Артиши кишварашро аз вазифаҳояшон барканор кардааст. Дар баёнияе, ки аз сӯи дафтари Ҳомиди Карзай мунташир шуд, омадааст, ки ин ду фармондеҳи аршад ба далели “ғафлат дар иҷрои вазифа” дар ҳодисаи Шиндонд аз мақомҳояшон барканор шуданд. Ин барканорӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки қаблан вазорати дифоъи Афғонистон гуфта буд, ки Артиши Афғонистон дар иҷрои ин бамборон ҳич нақше надорад ва амалиёти Нерӯҳои эътилофи байнулмилалӣ дар ин минтақа низ бидуни ҳич гуна ҳамоҳангӣ бо Артиши Афғонистон сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG