Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ хостори дақиқ шудани ҷадвали хуруҷи нерӯҳост


Дар тарҳи созиши амниятӣ миёни Бағдод ва Вошингтон ҷадвали хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ мушаххас нашудааст. Ва, ба гуфтаи сухангӯи ҳукумати Ироқ Алӣ Ал-Даббоғ, мақомоти кишвар хостори рӯшан сохтани ин мавзӯянд. Ӯ меафзояд, Бағдод мехоҳад, ки нерӯҳои амрикоӣ то миёнаҳои соли 2009 манотиқи кишвар ва то охири соли 2011 комилан Ироқро тарк кунанд.

Дирӯз Котиби давлатии ИМА Кондализа Райс ин мавзӯъро бо мақомоти Ироқ баррасӣ карда буд. Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо барои расидан ба созиш наздиканд ва аммо ҳанӯз ҳам бархе аз ихтилофи назарҳо бартараф нашудааст.

XS
SM
MD
LG