Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои Амният вазъи Гурҷистонро баррасӣ мекунад


Шӯрои Амнияти СММ баъди чанд соат баррасии вазъ дар Гурҷистонро аз сар мегирад. Қарор аст дар ин нишаст ду тарҳи қатънома, ки яке аз сӯи Фаронса ва дигарӣ аз сӯи Русия таҳия шудаанд, мавриди муҳокима қарор бигиранд. Дар тарҳи Фаронса ба иҷрои шартҳои мусолиҳа ва арҷгузорӣ ба якпорчагии Гурҷистон таъкид шудааст. Дар тарҳи пешниҳодкардаи Русия дар бораи истиқлол ва якпорчагии Гурҷистон ҳарфе нест.

Дирӯз намояндаи Русия дар СММ Виталий Чуркин гуфта буд, ки тарҳи Маскав дар пояи шаш принсипи созиши сулҳи аз сӯи президентҳои Русия ва Фаронса ҳамоҳангшуда таҳия гаштааст.

XS
SM
MD
LG