Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи русҳо аз Гурҷистон ба дарозо мекашад


Фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Русия гуфтааст, ҷузвутомҳои артиши ин кишвар ба манотиқи ҳоил ё марзии Осетияи Ҷанубӣ то рӯзи ҷумъаи 22-юми август оварда хоҳанд шуд. Анатолий Ноговитсин, ноиби сардори Ситоди умумии артиши Русия, гуфт, минтақаи ҳоил аз хатти посгоҳҳои Русия дар марзи Осетияи Ҷанубӣ ва дигар манотиқи Гурҷистон иборат хоҳад буд. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров мегӯяд, кишвараш дар ин минтақа 500 сарбози худро нигоҳ хоҳад дошт. Интиқоди байнулмилалӣ аз Русия бо ҳар рӯзи таъхир дар хуруҷи нерӯҳояш аз Гурҷистон ба маротиб бештар мешавад.
XS
SM
MD
LG