Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ню-Йорк - дар ҷустуҷӯи манобеъи нави нирӯи барқ


Шаҳрдори Ню-Йорк Майкл Блумберг мехоҳад дар боми хонаҳои осмонбӯс ва ҳам дар пулҳои ин бузургтарин шаҳри Амрико ба хотири тавлиди нирӯи барқ чархаҳои махсус насб кунанд. Блумберг гуфт, ин як чизи зебое хоҳад шуд. Шаҳрдори Ню-Йорк афзуд, тарҳҳои баҳрабардорӣ аз нирӯгоҳҳое, ки аз ҳарорати замин нирӯ тавлид мекунанд, ва ҳамчунин насби панелҳои тавлидкунандаи нирӯи барқи офтобӣ дар боми биноҳо низ дар дасти баррасии онҳо қарор доранд.

Майкл Блумберг аз ширкатҳо даъват кард, пешниҳодҳои худ ҷиҳати то соли 2030 сарсабзтар кардани Ню-Йоркро то таърихи 19 август ироа кунанд.

XS
SM
MD
LG