Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Боздиди Фуод Синйора аз Бағдод

Сарвазири Лубнон Фуод Сийора имрӯз ба хотири музокироти масоили тиҷоратӣ вориди Бағдод шуд. Синйора дуввуми раҳбари кишвари арабист, ки баъд аз суқути давлати Саддом Ҳусайн аз Ироқ дидан мекунад. 9 рӯз пеш подшоҳи Урдун Абдуллоҳ низ ба Ироқ сафари кӯтоҳе анҷом дода буд.

Вошингтон ба кишварҳои арабӣ фишор меовард, ки бо давлати кунунии Ироқ равобит барқарор кунанд. Раҳбарони Ироқ шикоят мекарданд, ки ҷаҳони Араб онҳоро қабул надорад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Эъломияи муштараки кишварҳои узви НАТО

Роҳбарони кишварҳои узви паймони Атлантики Шимолӣ (НАТО) пас аз нишасти 70-солагии ин созмон дар Лондон эъломияи якҷоя нашр карданд ва ваъда доданд, ки ба дифои 29 узви паймон пойбанд ҳастанд.

Дар эъломия амалҳои Русияро “таҳдид” ба амнияти худ номиданд. Дар баёнияи 4-уми декабр омадааст: “Мо бори дигар ба пайванди пойдори трансатлантикӣ миёни Аврупо ва Амрикои Шимолӣ тасдиқ мекунем... ва ӯҳдадории боварибахши мо, ки дар моддаи 5-и Созишномаи Вашингтон пешбинӣ шудааст, ҳамла ба ҳар як узв ҳамла ба ҳамаи аъзо дониста мешавад.”

Дар ин санад ҳамчунин гуфта мешавад, “амалҳои таҷовузкоронаи Русия таҳдид ба амнияти Аврупо-Атлантик аст.” Сарони Паймони Атлантики Шимолӣ ҳамчунин ёдовар шуданд, ки бояд барои рӯбарӯ шудан ба “фурсатҳо ва душвориҳо”-и сарзананда аз “нуфузи афзоянда ва сиёсати байналмилалии Чин омода буд ва ба он таваҷҷуҳ кард.

Дар ин баёния омадааст: “Пас аз баҳсу гуфтугӯҳое, ки изҳороти президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар бораи "марги мағзӣ"-и НАТО ба миён оварда буд, роҳбарони паймон дар бораи раванди бозтоби оянда”... бо назардошти таҷрибаи созгор барои устувории сиёсии НАТО, аз ҷумла машваратҳо” созиш карданд.

Президенти Амрико Доналд Трамп нишасти хабарии барномарезишударо пас аз нишаст бекор кард.

Президенти пешини Арманистон ба фасод муттаҳам шуд

Собиқ президенти Арманистон Серж Саркисян, ки соли гузашта дар натиҷаи як инқилоби осоишта барканор шуда буд, аз тарафи ниҳодҳои интизомии ин кишвар бо фасод муттаҳам шуд.

Ба гуфти Хадамоти махусуси тафтишоти Арманистон, Серж Саркисян дар соли 2013, 489 драм ё худ 1 миллион долларро, ки аз тарафи ҳукумат барои харидани маводи сӯхт ҷудо шуда буд, ҳамроҳ бо гурӯҳе аз мансабдорон аз худ кардааст. Саркисян аз худ намудани маблағҳоро рад кардааст.

Дар ҳоли собит шудани ин иттиҳом, Саркисян имкон дорад ба муддати аз 4 то 8 сол аз озодӣ маҳрум шавад.

Залмай Халилзод бо мақомоти афғон мулоқот кард

Рӯзи 4 -уми декабр фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистон, Залмай Халилзод ғайримунатазира ба Кобул сафар кард. Дар Кобул ӯ бо президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ, раиси иҷроия Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва дигар мақомоти баландпояи афғон эҳтимоли аз саргирии музокироти сулҳ бо Толибонро баррасӣ кард.

Баъдан ӯ ба Давҳа-пойтахти Қатар сафар кард, то бо Толибони афғон гуфтугӯҳоро оғоз кунад. Моҳи сентябр баъди авҷи хушунат ва куштори 12 нафар дар шаҳри Кобул, аз ҷумла як низомии амрикоӣ, Доналд Трамп президенти Амрико гуфтушунид бо Толибонро қатъ карда буд.

Ҳини мулоқот бо Халилзод, президенти афғон бори дигар пешниҳод кард, ки ҳукумат ва ошӯбгарон оташбас эълон кунанд. Як намояндаи расмии Толибон, ки нахост номаш ошор шавад, ба хабарнигорон гуфт, ки ин гурӯҳ бо амрикоиҳо мулоқоти ғайрирасмӣ доир намудааст. Ӯ нагуфт, ки мулоқот дар куҷо ва кай баргузор шуд.

Бузургтарин коршиканӣ дар Порис зидди ислоҳоти низоми нафақа

Имрӯз дар Фаронса бузургтарин коршиканӣ ва эътироз бар зидди ислоҳоти низоми нафақа барпо хоҳад шуд. Аксари парвозҳои ҳавлпаймоҳо, ҳаракати қатораҳои роҳи оҳану автобусҳо ва ҳамчунон метрои шаҳри Париж лағв шудааст. Дар ин коршиканиву эътироз, ки бар зидди ташкили низоми ягонаи нафақа раҳандозӣ шудааст, кормандони мактабҳову шифохонаҳо низ ҳамроҳ мебошанд.

Бар пояи низоми пешниҳодии ҳукумати зери раҳбари президенти Фаронса Эмануэл Макрон, намояндагони даҳҳо касбу корхонаҳои махсус имтиёз ва имкони нафақаи барвақтро аз даст хоҳанд дод. Иттифоқҳои касаба исрор меварзанд, ки дар сурати қабули низоми нав, миллионҳо нафар маҷбур мешаванд, ки баъди синни нафақа, яъне 62-солагӣ ҳам кор кунанд ва бар илова нафақаашон поинтар шавад.

Танҳо дар Порис барои таъмини амният 6 ҳазор афсари амниятӣ сафарбар шудааст. Дар соли 1995 коршикании умумии сеҳафтаина ҳуукуматро водор кард, ки аз ислоҳот дар низоми нафақа худдорӣ кунад.

Дар тирпарронии пойгоҳи Перл-Харбор се кас маҷруҳ шуд

U.S. -- A security guard walks past a naval emergency ambulance responding to a fatal shooting at the Pearl Harbor Naval Shipyard, in Honolulu, Hawaii, December 4, 2019

Низомии амрикоие дар пойгоҳи низомии Перл-Харбор дар ҷазираҳои Ҳавайи тирпарронӣ кард. Дар натиҷаи ин тарпарронӣ се кас маҷруҳ шуд. Низомие, ки тирпарронӣ кард, дар мазҳари ом худкушӣ кард.

Маҷруҳшудаҳо - кормандони мулкии пойгоҳ ҳастанд. Ду тан аз маҷруҳон дар ҳолати вахим қарор доранд. Равуо ба пойгоҳи низомӣ муваққатан қатъ шудааст.

Рӯзи 7 декабр дар Перл-Харбор бояд чорабинии бахшида ба 78-солагии ҳамлаи неруҳои ҳавоии Ҷопон ба ин пойгоҳи низомӣ баргузор шавад. Дар соли 1941 дар ин пойгоҳ 2 400 аскари амрикоӣ кушта шуда буд. Баъди ин ҳамла ИМА вориди Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ шуд.

Таҳқиқи марги марде, ки дар Алмато аз бинои баландошёна сарозер шуд

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон субҳи 5 декабр дар наздикии бинои баландошёнае ҷасади мардеро пайдо карданд.

Мақомоти ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон гуфтанд, мард аз бинои баландошёна сарозер шудааст.

Мақомот ин мардро шаҳрванд Б., соли таваллудаш 1971 муаррифӣ карданд. Пулис тафтишотро оғоз кард.

"Эҳтимол меравад, мард аз ошёнаи 12 сарозер шуда бошад. Ангеза ва дигар ҳолатҳои рӯйдод муайян карда мешаванд",-омадааст дар изҳороти пулис.

Чеченистон барои медалҳои ба номи Қодиров 4,6 млн руб харҷ мекунад

Мақомоти Чеченистон барои харидории 20 нишону медали ба номи президенти пешини ин кишвар Аҳмад Қодиров 4,6 млн рубл ҷудо кардаанд. Ба иттилои "МБХ медиа", онҳо аз тило ва сангҳои қиматбаҳо сохта мешаванд.

Даҳ медали "Ба ёди Аҳмадҳоҷӣ Қодиров, президенти нахустини Ҷумҳурии Чеченистон" аз тило сохта ва бо сангҳои қиматҳо ороиш дода хоҳанд шуд. Дар рӯи медал акси Аҳмад Қодиров ва дар пушташ сухани ӯ - "ватандӯстиро на бо сухан, балки бо амал бояд нишон дод" оварда мешавад.

Даҳ нишони Қодиров низ аз тило сохта шуда, дар рӯи он акси Аҳмад Қодиров ва дар пушташ навиштаи "Фарзанди мардуми худ" оварда мешавад. Ин медалу нишонҳо бояд то 31 декабр омода шаванд.

Нишони Аҳмад Қодиров мукофоти олии давлатиест, ки соли 2004 дар Чеченистон таъсис дода шуд. Шаҳрдори пешини Москва Юрий Лужков, раҳбари Горди Русия Виктор Золотов ва писари худи Аҳмад Қодиров - президенти Чеченистон Рамзан Қодиров бо он қадрдонӣ шудаанд. Медали Аҳмад Қодиров аз соли 2016 ба ин сӯ тақдим мешавад.

Вокуниши Украина ба суханҳои президенти Қазоқистон дар бораи Қрим

Вазорати умури хориҷии Украина дар робита ба изҳороти ахири президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, ки гуфт, "Русия нимҷазираи Қримро ғасб накардааст", шадидан изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Украина Екатерина Зеленко омадааст, ки барои ҷониби Қазоқистон низ "изҳороти ҳамсон" нашр хоҳад шуд.

"Усули эътимоди дуҷониба, эҳтироми истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии марзҳо, баробарӣ ва дахолат накардан ба умури дохилии якдигар, инчунин риояи қатъии меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ асоси муносибатҳои байнидавлатии Украина ва Қазоқистон аст",-зикр шудааст дар изҳороти Зеленко.

Ёдрас мешавем, президенти Қазоқистон рӯзи 4 декабр дар мусоҳиба бо Deutsche Welle гуфт, ҳаводиси моҳи марти соли 2014-ро, ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобад. "Мо он чиро ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобем. Он чи ки гузашт, гузашт. Ғасбкорӣ - дар нисбати Қрим таъбири тундтар аст", - гуфт Тоқаев.

Вай ҳамчунин дар посух ба суоли ин ки оё Қазоқистон аз ҳаводиси дар Украина рух дода тарс хӯрдааст, гуфт, ҳеч тарсе мавҷуд нест. "Мо бо Русия муносиботи комилан боэътимод ва ҳусни ҳамсоядорӣ дорем. Аз ҳамон оғоз мо ба хирад ва наҷобати роҳбарияти Русия бовар доштем", - афзуд Тоқаев.

Русия Қримро дар моҳи марти соли 2014 дар натиҷаи ба ном "раъйпурсӣ" ғасб кард. Дар ин раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба Русия 96,77 дарсади сокинони Қрим ва 95,6 дарсади сокинони Севастопол овоз доданд.

Созмонҳои байналхалқӣ ғасби Қримро ғайриқонунӣ баҳо ва амалкарди Русияро маҳкум карданд. Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Украина ҳамоно Қримро ҳудуди худ меҳисобад, ки муваққатан ғасб шудааст.

Ҳукми зиндони Гулнора Каримова бори панҷум тамдид шуд

Муҳлати зиндони Гулнора Каримова, духтари калонии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов бори дигар дароз карда шуд. Дар ин бора духтари Гулнора - Имон Каримова дар шабакаи иҷтимоии Instagram хабар дод.

Вале Каримоваи хурдӣ нагуфтааст, ки муҳлати зиндони модари ӯро кӣ ва кай тамдид кардааст. "Тими мо ба далели афзоиши суолҳои шаҳрвандон ва рӯзноманигорон нашри маълумоти комилро дар бораи ангезаҳои сиёсии парвандаи зидди Гулнора Каримова оғоз мекунад",-навиштааст набераи президенти нахустини Узбекистон 3 декабр дар ​Instagram.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии тафтишот айбдор кардани Гулнора Каримова дар тамоми мушкилот, нокомиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Узбекистон аст. "Бори панҷум аст, ки ҳукми зиндони ӯро тамдид мекунад. Онҳо аз тарси он ки амалҳои бештари аъзои ҳукумати кишвар ифшо нашавад, модарамро дар танҳоӣ нигаҳ медоранд",-афзудааст Имон.

"Ба парвандаи ахир бидуни шарҳ муҳри махфӣ заданд, ки ҳатто вакилони дифоъ дастрасӣ ба маводи парвандаро надоранд. Ин хилофи Конститутсияи Узбекистон буда, бори аввал ҳам нест. Ҳамин тариқ вакилони дифоъ ва наздикони Каримова дар бораи парвандаву вазъи саломатии ӯ хабар надоранд. Бино ба маълумоти ахир, вазъи ӯ вахим аст. Рӯзҳои наздик муфассалтар ифшо мешавад, ки бад шудани вазъи саломатии Каримова дар ҳукумат ба нафъи кист",-навиштааст Имон.

Имон Каримова чаҳор рӯз пеш хабар дод, ки аз ин ба баъд саҳифаи ӯ - iman.k17-ро дар Instagram "ҳуқуқшиносон ва бародараш Ислом Каримови хурдӣ, ки дар Лондон зиндагӣ мекунад, идора хоҳанд кард.

Вакили дифои швейтсарии Гулнора -- Грегуар Манжа (Grégoire Mangeat) 25 ноябр дар Twitter хабар дод, ки ба ҳамаи дархостҳои ӯ барои мулоқот бо Гулнора Каримова мақомоти Узбекистон ҷавоби рад додаанд.

Имон Каримова 16 сентябр хабар дода буд, ки дар шаҳри Тошканд мурофиаҳои нави пинҳонии Гулнора Каримова оғоз шуданд. Ӯ худи он рӯз ба ҳукумати президент Шавкат Мирзиёев ҳушдор дод, ки рӯзҳои наздик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Узбекистон ҳолатҳои коррупсионӣ дар ин кишварро ифшо мекунад.

Додситонии кулли Узбекистон моҳи гузашта хабар дод, ки зидди Гулнора Каримова бо гумони дуздии пули давлат, созиш алайҳи манфиатҳои кишвар ва азхудкунии амволи ғайр ба андозаи махсусан калон парвандаи нав боз шудааст. Вале Имон Каримова парвандаи нави модарашро "сиркбозии сиёсӣ" номид.

Бо қарори додгоҳи вилояти Тошканд аз 18 декабри соли 2017 Гулнора Каримова 10 сол зиндонӣ шуд. 1 июли соли 2018 муҳлати ҳукми вай 5 сол кам шуд. Ба иттилои додситонӣ, Каримова аз тартиботи ҳабси хонагӣ сӯистифода кардааст ва биноан, ӯро дубора ба маҳбас интиқол додаанд.

Пештар аз ин хабар расид, ки ширкатҳои Telia, VimpelCom ва МТС дар маҷмуъ барои ворид шудан ба бозори мобилии Узбекистон ба Гулнора Каримова тақрибан 1 млрд доллар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА низ Гулнора Каримоваро расман дар порагирӣ ва пулшӯӣ айбдор кард.

Арабистони Саудӣ 14 ҳоҷии узбекистониро ихроҷ кард

Арабистони Саудӣ 14 тан аз шаҳрвандони Узбекистонро ихроҷ кард, ки ба қасди ҳаҷҷи умра ба он кишвар рафта буданд.

Ба иттилои Кумитаи умури дини девони вазирони Узбекистон, ширкати сайёҳие аз шаҳри Андиҷон рӯзи 26 ноябр 14 шаҳрвандро бо визаҳои тақаллубӣ ба Арабистони Саудӣ фиристодааст.

Мақомоти Арабистони Саудӣ хабар доданд, ки визаҳои шаҳрвандони Узбекистон бекор ва худи шаҳрвандон аз кишвар ихроҷ шудаанд.

"Консулгарии Узбекистон дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ва намояндагони ширкати ҳавопаймоии Узбекистон ба шаҳрвандон кӯмак расониданд. Ҳамаи 14 шаҳрванд рӯзи 27 ноябр ба Узбекистон баргардонида шуданд", - хабар доданд аз кумитаи умури дини Узбекистон.

Буҷавиҳои Узбекистонро иҷборан ба нашрияҳо обуна мекунанд

Кишоварзон, омӯзгорон, табибон ва кормандони бахшҳои дигари буҷавии Узбекистон шикоят доранд, ки онҳоро иҷборан ба нашрияҳои даврӣ обуна мекунанд.

Роҳбари яке аз муассисаҳои буҷавӣ дар шаҳри Нурафшони вилояти Тошканди Узбекистон гуфт, раиси шаҳр ҳамаи муассисаҳои буҷавиро дастур додааст, ки ба нашрияҳои даврӣ обуна шаванд.

Сироҷиддин Носиров, муовини раиси шаҳри Нурафшон ин иддаоро рад мекунад.

"Мо касеро ба обунаи иҷборӣ дастур надодаем. Мо танҳо машварат додем, ки ба нашрияҳои "Машъал", "Ҳақиқати Тошканд" ва "Сухани халқ" обуна шаванд. Эҳтимол дар ҷаласа аз буҷавиҳо хоста шудааст, ки ба идораи нашрияҳо муроҷиат ва шартномаи обунаро аз онҳо бигиранд. Аммо ҳеч гуна маҷбурсозӣ набуд",-гуфт муовини раис.

Дар ҳамин ҳол, манобеи дигар мегӯянд, санаду далел доранд, ки мақомот онҳоро ба обуна шудан дастур додаанд.

"Роҳбарони синфҳо вазифадор шудаанд, ки бо арзиши 150 сӯм (наздики 15 доллари ИМА), омӯзгорони қаторӣ то 80 ҳазор сӯм ва хонандагон то 6-8 ҳазор сӯмӣ обуна шаванд. Мудири мактаб аз мо хост, ки ариза нависем ва зикр кунем, ки аз маошамон барои обуна маблағи зарурӣ гардонида шавад. Аммо мо намедонем, ба кадом нашрияҳо обуна шудаем",-гуфт омӯзгори яке аз мактабҳои вилояти Фарғона.

Тоқаев гуфт, он чӣ ки бо Қрим гузашт, ғасбкорӣ нест

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон рӯзи 4 декабр дар мусоҳиба бо Deutsche Welle гуфт, ҳаводиси моҳи марти соли 2014-ро, ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобад.

"Мо он чиро ки дар Қрим гузашт, ғасбкорӣ намеҳисобем. Он чи ки гузашт, гузашт. Ғасбкорӣ - дар нисбати Қрим таъбири тундтар аст", - гуфт Тоқаев.

Вай ҳамчунин дар посух ба суоли ин ки оё Қазоқистон аз ҳаводиси дар Украина рух дода тарс хӯрдааст, гуфт, ҳеч тарсе мавҷуд нест:

"Мо бо Русия муносиботи комилан боэътимод ва ҳусни ҳамсоядорӣ дорем. Аз ҳамон оғоз мо ба хирад ва наҷобати роҳбарияти Русия бовар доштем",-афзуд Тоқаев.

Русия Қримро дар моҳи марти соли 2014 дар натиҷаи ба ном "раъйпурсӣ" ғасб кард. Дар ин раъйпурсӣ ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба Русия 96,77 дарсади сокинони Қрим ва 95,6 дарсади сокинони Севастопол овоз доданд.

Созмонҳои байналхалқӣ ғасби Қримро ғайриқонунӣ баҳо ва амалкарди Русияро маҳкум карданд. Кишварҳои ғарбӣ зидди Русия таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ намуданд. Украина ҳамоно Қримро ҳудуди худ меҳисобад, ки муваққатан ғасб шудааст.

Қисми нави таҳқиқоти берун бурдани маблағҳо аз Қирғизистон нашр шуд

Соҳибкор Айэркен Саймаитӣ, ки баъди иқрори пулшӯӣ ва берун бурдани наздик ба як миллиард доллар аз бонкҳои Қирғизистон дар Туркия кушта шуд, шабакаи пинҳонии интиқоли нақдина аз Қирғизистонро ба хориҷ раҳбарӣ мекардааст.

Ин нукта дар қисми нави таҳқиқоти бахши қирғизии Радиои Озодӣ, OCCRP ва сомонаи Kloop дар асоси аснод ва суҳбати худи Айэркен Саймаитӣ омадааст. Саймаитиро 10 ноябр дар як қаҳвахонаи шаҳри Истамбули Туркия куштанд.

Саймаитӣ пеш аз кушта шуданаш ба рӯзноманигорон санадҳои бонкӣ ва китобҳои муҳосиботиеро додааст, ки нишон медиҳанд, ӯ чи гуна бо иштироки кормандони мақомоти гумруки Қирғизистон садҳо миллион долларро аз Қирғизистон берун бурдааст. Таҳқиқоте, ки се созмони хабарнигорӣ дар асоси аснод ва изҳороти Айэркен Саймаитӣ нашр карданд, дар ҷомеаи Қирғизистон баҳсҳои тундеро ба бор оварда, боиси боз шудани парвандаи ҷиноӣ гашт.

Бар асоси бахши нави таҳқиқот, Айэркен Саймаитии 37-сола гуруҳи одамонеро раҳбарӣ мекардааст, ки пайваста аз Қирғизистон ба Туркия парвоз карда, миллионҳо долларро дар бағочи дастӣ бо худ мебурдаанд.

Ҳамчунин дар таҳқиқот омадааст, ҷасади Хусан Каримови 39-соларо, ки яке аз аъзои гуруҳи мазкури Саймаитӣ буд, моҳи октябр аз дохили мошинаш дар фурудгоҳи Манаси Қирғизистон пайдо карданд. Ҷасади ӯро бо нишонаҳои латтукӯб ва дастҳои баста дар бағочи мошин ёфтанд.

РАО/PО: қонуни нави "агентҳои хориҷӣ" ба амнияти рӯзноманигорон хатар дорад

Қонуни нави "агентҳои хориҷӣ"-и Русия фишорҳоро ба садҳо рӯзноманигоре афзоиш хоҳад дод, ки бо Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ (РАО/PО) ва тарҳҳои дигари он ҳамкорӣ мекунанд. Ин нукта дар изҳороти президенти РАО/PО Ҷеймӣ Флай омадааст. Ба гуфтаи Флай, қонуни мазкур зидди кори хабарнигорон равона шуда, амнияти онҳоро низ зери хатар хоҳад гузошт.

Радиои Озодӣ дар шаҳри Москва дафтар дорад ва барои бозтоби хабарҳои маҳаллӣ бо рӯзноманигорон аз тамоми манотиқи Русия ҳамкорӣ мекунад. Бахши русии Радиои Озодӣ солҳои ахир барои нашри матлабҳо дар бораи зиндагии сокинони вилоятҳои шимолӣ ва Сибири Русия тарҳҳои нав -- сомонаҳои Шимол.Воқеият ва Сибир.Воқеият боз кардааст.

Хабарнигорони минтақавии Радиои Озодӣ дар бештари маврид аз мушкилоте иттилоъ медиҳанд, ки расонаҳои давлатии Русия нодида мегиранд. "Қонуни нав як навъи талоши хомуш кунонидани рӯзноманигорон ва маҳрум кардани хонандаҳо аз дарёфти иттилоъ ба воситаи манбаъҳои гуногун аст",-изҳор доштааст Флай.

Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 2 декабр тағйирот ба қонун дар бораи ВАО - "агентҳои хориҷӣ"-ро имзо кард, ки ба бовари мунтақидон, барои таъқиби дигарандешон, маҳдудсозии озодии ВАО ва эҷоди монеа ба табодули афкор истифода мешавад.

Тағйироти қабулшуда ба мақомот иҷозат медиҳад, рӯзноманигоронеро ҳам "агенти хориҷӣ" эътироф кунанд, ки дар расонаҳои шомили рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" фаъолият доранд. "Агенти хориҷӣ" шахсони воқеие ҳам унвон мегиранд, ки бо расонаҳои хориҷӣ ҳамкорӣ ва аз онҳо пуштибонӣ ва ё дигар навъи кӯмаки моддӣ дарёфт мекунанд.

Даҳҳо созмони байналмилалии рӯзноманигорӣ ва ҳомии ҳуқуқ, аз ҷумла Amnesty International, Human Rights Watch, "Хабарнигорони бидуни марз" ва Кумитаи ҳимоят аз ҳуқуқи рӯзноманигорон охирҳои моҳи ноябри соли равон мақомоти Русияро даъват карданд, ки қонунро қабул накунанд.

Қонун дар бораи "агентҳои хориҷӣ"-и Русия соли 2012 қабул шуд. Дар аввал он ба созмонҳои ғайритиҷорие дахл дошт, ки аз хориҷ сармоягузорӣ мешуданд. Бештари созмонҳои ғайридавлатии Русия дар пайи қабули қонун беҳтар донистанд, ки фаъолиятро қатъ кунанд. Ҳоло ин "унвон" ба Бунёди мубориза бо фасоди мухолифи рус Алексей Навалний ҳам дода шудааст. Ҳомиёни ҳуқуқи рус ин қонунро як навъ фишор ба созмонҳои "нодаркор" меноманд.

Навалний: ҳамсари Медведев бо ҳавопаймои хусусӣ парвоз мекунад

Акси Bombardier Global Express 5000, ки тахмин меравад ҳамсари Дмитрий Медведев аз он истифода мекунад

Ҳамсари нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ба таври пайваста ҳавопаймои хусусии навъи Bombardier Global Express 5000-ро истифода мекунад, ки арзишаш тахминан 50 миллион доллар аст. Ҳавопаймои тиҷоратие, ки дар гузашта ба сохторҳои бонки ВТБ марбут будааст, ба номи ширкате воқеъ дар Белиз сабтином шудааст. Ин иддаоҳо дар гузориши таҳқиқотии Алексей Навалний навишта шудааст, ки рӯзи 4 декабр нашр шуд.

Навалний парвозҳои анҷомдодаи ин ҳавопайморо бо реҷаи сафарҳои Медведов муқоиса кард ва дарёфт, ки ҳавопаймо ҳамеша дар он ҷое дида шудааст, ки Медведев ба он ҷо сафар мекард. Самтҳои парвозҳои анҷомдодаи ин ҳавопаймо ҳам кишварҳои аврупоӣ ва ҳам пойгоҳи низомӣ дар вилояти Нижегородск будааст. Навалний дасти кам 11 чунин ҳолатро пайдо кардааст.


Бар асоси эъломияи даромадҳои нахуствазири Русия, ӯ соли 2018 ба маблағи 10 миллион доллар даромад дидааст. Даромади Светлана Медведева ба сифр баробар будааст. Арзиши иҷораи ҳавопаймои тиҷоратӣ тахминан 7-10 ҳазор доллар аст. Радио Свобода ҳисоб кард, ки бар асоси ин ҳисобу китобҳо, маоши моҳонаи ҳамсарон Медведевҳо барои парвози якунимсоата ба сахтӣ кифоят мекунад.

Ҳамсари нахуствазир ҳақ надорад ҳавопаймои хусусӣ дошта бошад, таъкид кардааст Навалний. Ӯ тахмин кардааст, ки ҳақи истифода аз ҳавопаймо метавонад заминаҳои коррупсионӣ дошта бошад.

Дар паи таҳдиди бомба даҳҳо додгоҳу мактабҳои Маскав холӣ шуданд

Мардум дар пушти дарҳои додгоҳи Тверскои Маскав

Баъди он ки таҳдиди таркиши бомба садо дод, мақомот чандин додгоҳ ва мактабҳоро дар Маскав аз ҳузури садҳо нафар холӣ карданд. Додгоҳи шаҳри Маскав гуфт, ки “додгоҳҳо имейл дарёфт карданд, ки дар он таҳдиди вуҷуди бомба садо додааст. Баъди ин ҳамон замон муштариҳову кормандони ин муассисаҳо аз дохили биноҳо берун карда шуданд”. Додгоҳҳои ноҳияҳои Басманний, Тверской, Тимирязевский, Мешанский, Перовский, Кузминский, Чертановский, Хамовнический ва Кузнетсовский баъди дарёфти таҳдиди бомба холӣ карда шуданд.

Интерфакс дар нақли қавл аз манбае гуфт, ки айни чунин таҳдиди беномаро ду мактаби дигар дар шаҳри Маскав дарёфт кард ва маъмурият ҳамон замон муассисаҳои таълимиро холӣ карданд.

Рӯҳонӣ гуфт, эътирозгарони беяроқро озод кунанд

Ҳасани Рӯҳонӣ

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ хостааст, эътирозгароне, ки дар тазоҳуроти чанде пеш ба зидди якбора боло рафтани нархи сӯзишворӣ дастгир шуданд ва агар беяроқ буданду танҳо андешаи худро гуфтаанд, озод карда шаванд.

Рӯҳонӣ рӯзи 4-уми декабр дар суханронии телевизионии худ гуфт: "Бахшандагии динӣ ва исломӣ бояд нишон дода шавад ва касони бегуноҳе, ки ба болоравии нархи сузишворӣ норозигӣ карданд ва яроқнок набуданд ... бояд раҳо карда шаванд."

Норозигиҳо 15-уми ноябр, пас аз он рӯй доданд, ки ҳукумат болоравии нархи сӯзишвориро то 200 дар сад эълом кард. Аммо ин тазоҳурот аз сӯи нерӯҳои амниятӣ тез хомӯш карда шуданд ва мақомот ҳамазамон як ҳафта интернетро бастанд.

Ҳафтаи гузашта созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International гуфт, дар ин задухӯрдҳо наздик ба 208 нафар кушта шуданд ва ин "далели он аст, ки нерӯҳои амниятии Эрон ба як куштори даҳшатбор даст задаанд."

Сухангӯи мақомоти додгоҳии Эрон Ғуломҳусейн Исмоилӣ рӯзи 3-юми декабр бисёр будани шумораи кушташудагонро инкор кард ва онро «дурӯғгӯи маҳз» номид.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 3-юми декабр ба ҳайати комиссия супориш дод, барои шаҳрвандоне, ки дар рафти эътирозҳо зарари шахсӣ ё молӣ дидаанд, товони имконпазирро баррасӣ кунанд.

Раиси як муассисаи ҷопонӣ дар Афғонистон кушта шуд

Як намояндаи расмии Афғонистон гуфт, як пизишк ва як корманди ёрирасони ҷопонӣ пас аз ҳамлае дар шарқи ин кишвар аз захмҳои худ ҷон доданд. Дар ин ҳамла ҳамчунин панҷ сокини Афғонистон ҷон бохтаанд.

Атоулло Хугиёнӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Нангарҳор, ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамла субҳи 4-уми декабр дар маркази шаҳри Ҷалолобод рӯй додааст.

Шахсони мусаллаҳ ба мошине, ки Тетсу Накамуро, роҳбари созмони ғайриҳукуматии Ҷопон савор буд, тир парронданд. Ӯ сахт захмӣ шуд ва ду муҳофизаш, ронандаи мошин ва як нафари дигар кушта шуданд.

Сипас, Накамуро ба беморхонаи маҳаллӣ бурда шуд. Мақомот гуфттанд, ӯ дар дар роҳ ба сӯи шифохона дар Багром, шимоли Кобул ҷон дод.

Касе ин ҳамларо ба дӯш нагирифтааст ва Толибон гуфтанд, дар ин ҳамла даст надоранд. Накамуро дар Нангарҳор зиёда аз даҳ сол кор кардааст ва ба наздикӣ президент Ашраф Ғанӣ ба ӯ шаҳрванди фахрии Афғонистонро дод.

Дафтари президенти Афғонистон, сафорати Амрико дар Кобул ва Миссияи Кумаки Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) ин ҳамларо маҳкум карданд.

ВКД-и Узбекистон гуфт, барқарории постгоҳҳо муваққатист

Вазорати корҳои дохилии Узбекистон хабар дод, барқарории постгоҳҳо дар шоҳроҳҳои он кишвар муваққатист. Ба иттилои вазорат, "онҳо барои таъмини бехатарӣ дар давраи чорабиниҳои муҳими сиёсӣ - интихоботи порлумон ва маҷлисҳои маҳаллӣ, инчунин ҷашнҳо - таъсис шудаанд", омадааст дар хабари вазорат.

Ёдрас мешавем, рӯзи 2 декабр нуқтаҳои назоратии пулис дар шоҳроҳҳои "Фарғона-Водил" ва "Фарғона-Аввал", ки бо дастури президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бардошта шуда буданд, дубора ташкил шуданд.

Ба гуфтаи онҳое, ки дар ин шоҳроҳҳо мусофиркашонӣ мекунанд, нуқтаҳои назоратии пулис дар ноҳияи Хазари вилояти Хоразм, шаҳри Деҳнави вилояти Сурхандарё ва ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон дубора ташкил шудаанд.

Як соҳибкор аз Фарғона гуфт, дар худи маркази ноҳияи Фарғона - Водил ҳудуди панҷ постгоҳ таъсис шудааст ва барои боз шудани чанде дигар омодагӣ дида мешавад.

Як масъули ҳукумати вилояти Фарғона гуфт, ҳадафи ташкили дубораи постҳо пешгирӣ аз қочоқи мол ба кишвар аст. Дар Вазорати умури дохилии Узбекистон ҳам гуфтанд, ки постҳо барои пешгирии қочоқи мол аз Қазоқистон ба ин кишвар дубора ташкил шудаанд.

Шавкат Мирзиёев 22 декабри соли 2017 ҳангоми ироаи паём ба порлумон аз мавҷудияти ин постгоҳҳо изҳори норизоӣ кард. Ӯ гуфт, постгоҳҳо монеи ҳаракати озод мешаванд ва ба муносибатҳои тиҷориву иқтисодӣ ва саёҳати мардум таъсири манфӣ мерасонанд.

Дертар вазири корҳои дохилии Узбекистон Пулод Бобоҷонов дар суҳбат бо расонаҳо хабар дод, ки дар маҷмуъ дар роҳҳои байни вилоятҳои кишвараш 133 нуқтаи назоратии пулис мавҷуд буда, ҳайати комисия баъди омӯзиш ба хулосае расиданд, ки 66 постгоҳ бояд бардошта шавад.

Омӯзгорони қазоқ барои саҳмгузорӣ дар интихоботҳо маоши иловагӣ мегиранд

Порлумони Қазоқистон рӯзи 4 декабр қонунеро қабул кард, ки бар асоси он, омӯзгорон барои ширкат дар баргузории интихобот маоши иловагӣ дарёфт хоҳанд кард. Ҳамзамон, қонун барои ҷалби омӯзгорон "ба вазифаҳои берун аз салоҳияташон" ҷарима пешбинӣ мекунад. Ба ҷуз аз ин, қонуни мазкур афзоиши пардохт дар давраи рухсатии меҳнатиро ба омӯзгорон пешбинӣ кардааст.

Мунтақидон мегӯянд, ин қонун дар остонаи интихоботи порлумонӣ қабул шудааст. Бар асоси қонунгузорӣ, интихоботи навбатии порлумонӣ дар Қазоқистон мебояд, соли 2021 баргузор шавад. Фаъолон борҳо гуфтанд, ки эҳтимол дорад, интихоботи порлумонӣ пеш аз муҳлат баргузор шавад. Баъди қабули Конститутсия дар соли 1995 ҳеҷ яке аз интихоботҳои порлумонӣ дар Қазоқистон дар муҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ баргузор нашудааст.

Бибигул Асилова, ноиб-вазири маориф ва илми Қазоқистон гуфт, пардохти ҳаққи заҳмати омӯзгорон дар давраи интихобот дар буҷаи кишвар пешбинӣ шудааст. "Аввалан, онҳоро аз кор озод мекунанд, баъдан барои онҳо тавассути буҷаи Комиссияи марказии интихобот маблағ ҷудо мешавад", -гуфт Асилова.

Омӯзгорон дар Қазоқистон борҳо шикоят карданд, ки онҳоро ба корҳои берун аз вазифаҳои асосиашон ҷалб мекунанд.

Туркманистон дар 1 рӯз ба Узбекистон 15,4 млн квт/соат нерӯи барқ содир кард

Туркманистон содироти нерӯи барқро ба Узбекистон оғоз кард. Ба иттилои ширкати миллии энержии Узбекистон, ин кишвар аз Туркманистон 1 декабр 14,9 миллион квт/соат ва 2 декабр 15,4 миллион квт/соат барқ ворид кардааст.

Ширкати миллии энержии Узбекистон 3 декабр гуфт, истгоҳҳои минтақавӣ аз уҳдаи ҳаҷми нерӯи барқе, ки ҷониби Туркманистон интиқол медиҳад, намебароянд.

Дар натиҷаи аз кор баромадани яке аз хатҳои интиқоли барқ 3 декабр дар чандин ноҳияҳои вилояти Самарқанд сокинон 4 соат бе нерӯи барқ мондаанд.

Пештар ширкати "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ" хабар дод, ки дар робита ба харидории нерӯи барқ аз Туркманистон бо ширкати давлатии "Туркменэнерго" созишнома имзо кард.

"Созишномаи имзошуда миёни ширкатҳои "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ" ва "Туркменэнерго" дар мавриди харидории нерӯи барқ барои солҳои 2019-2020 имкон медиҳад, ки ба сокинони Узбекистон бидуни таваққуф нерӯи барқ интиқол дода шавад",-омадааст дар иттилоияи "Узбекистон миллиӣ электр тармокларӣ".

Бо фаросарии фасли сармо қатъи интиқоли нерӯи барқ ба сокинони шаҳри Тошканд ва як қатор вилоятҳои Узбекистон мушоҳида мешавад.

Сарвазири Узбекистон Абдулло Орипов 28 ноябр дар як ҷаласа бахшида ба мавзуи таъмини аҳолӣ бо газу барқ ширкатҳои дахлдори кишварашро барои қатъи нерӯи барқи сокинон танқид кард.

Вазире, ки Бердимуҳаммадов аз ҷаласа берун кард, зиндонӣ шуд

Вазири умури дохилии Туркманистон Искандар Муликов, ки президенти ин кишвар Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ӯро аз ҷаласа берун карда буд, маҳкум ба зиндон шудааст. Вале гуфта намешавад, ки ӯ кай ва чанд сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Дар бораи ҳабси Муликов додситони кулли Туркманистон Ботир Атдаев 3 декабр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти ин кишвар иттилоъ дод. Телевизионҳои давлатии Туркманистон низ дар як гузориши махсус вазири пешинро завлона ба даст нишон доданд.

"Ман, Искандар Муликов ба ин нигоҳ накарда, ки солҳои 2009-2019 вазири умури дохилӣ будам аз мақоми худ сӯистифода карда, пора гирифтам ва хонаҳоро аз худ кардам. Бо вуҷуди он ки сарфармондеҳи муҳтарами мо тамоми шароитро барои кору зиндагӣ фароҳам кардааст, ман роҳи нодурустро интихоб намуда, ба маблағи калон ришва гирифтам. Пас аз ифшо шудани ҷинояткориҳоям маро дар асоси қонун ба ҷавобгарӣ кашиданд. Ҳамаи гуноҳоямро ба гардан мегирам ва аз кардаам пушаймонам",-изҳор дошт Муликов дар гузориш.

Бино ба гузориш, тамоми дороиҳои ғайриқонунии вазири умури дохилии пешини Туркманистон ба нафъи давлат мусодира шудаанд.

Ёдрас мешавем, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 1 октябр дар ҷаласаи васеи Девони вазирони Туркманистон Искандар Муликовро аз мақом барканор ва аз толор пеш кардааст. Бердимуҳаммадов пас аз шунидани ҳисоботи Ботир Атдаев дар бораи ҳолатҳои аз мақом сӯистифода кардани Муликов, ӯро аз мақом барканор карда буд.

Тафтишоти изҳори нобоварӣ: Трамп ба сӯистифода аз мақом айбдор шуд

Кумитаҳои Палатаи намояндагони Конгресси ИМА, ки тафтишот дар бораи имкони изҳори нобоварӣ ба президент Доналд Трампро анҷом медоданд, рӯзи сешанбе гузориши худро дар бораи хулосаҳои ин санҷиш нашр карданд.

Дар гузориш омадааст, ки Трамп аз салоҳиятҳои президентӣ сӯистифода карда, монеи тафтиши амалҳояш дар Конгресс шудааст. Ин айбҳо метавонанд барои изҳори нобоварӣ ба ӯ асос шаванд.

Ин гузориш ба Кумитаи ҳуқуқи палата ирсол шуда, он дар навбати худ ҷаласаҳои хешро баргузор мекунад ва дар асоси хулосаи онҳо тасмим мегирад, ки зидди президент айб эълон шавад, ё не.

"Президенти 45-уми ИМА Доналд Трамп шахсан ё ба воситаи тобеонаш дар ҳукумат барои дахолати кишвари хориҷӣ - Украина ба интихоботи президентии Амрико дар соли 2020 миёнаравӣ кардааст. Президент бо ин роҳ хостааст, пешрафти рақиби сиёсии худро мушкил сохта, барои бори дувум интихоб шуданаш ба раванди интихобот таъсир расонад. Вай бо ин амалаш манфиатҳои шахсии худро болотар аз манфиатҳои миллии ИМА гузоштааст",-гуфтаанд муаллифони гузориш.

Ба гуфтаи муаллифон, фишори Трамп ба мақомоти Украина барои оғози тафтишот зидди рақиби сиёсии ӯ Ҷо Байдени демократ исбот шудааст ва Трамп дар ин бора аз кӯмакҳои низомии Амрико ба Украина ҳамчун фишанг истифода бурдааст.

Вале дар гузориши мазкур тавсияи дақиқ дода нашудааст, ки зидди Трамп изҳори нобоварӣ эълом шавад ё на. Бештари курсиҳои Палатаи намояндагони ИМА-ро демократҳо дар ихтиёр доранд. Худи Трамп ва ҷумҳурихоҳон гуфтанд, ки бо ин иддаои демократҳо розӣ нестанд.

Агар Палатаи намояндагон изҳори нобоварӣ ба Трампро ҷонибдорӣ ҳам кунад, Сенат, ки дар он ҷиноҳи аксариятро ҷумҳурихоҳон ташкил медиҳанд, дар бораи барканории президент тасмим хоҳад гирифт.

Интихоботи порлумонӣ дар Тоҷикистон якуми март доир мешавад

Санаи баргузории интихоботи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон маълум шуд. Бар асоси фармони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз 4-уми декабр, интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1-уми марти соли оянда баргузор мегардад.

Бар асоси фармони раисҷумҳур, интихоби вакилони Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумон рӯзи 27-уми марти соли 2020 баргузор хоҳад шуд.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки 22 нафари онҳо аз рӯйхати ҳизбӣ ва боқӣ аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мешаванд. Палатаи болоии порлумон Маҷлиси миллӣ 33 вакил дошта, 8 нафари онҳоро президент таъин мекунад.

Қарор аст соли оянда дар Тоҷикистон ду интихобот-порлумонӣ ва президентӣ баргузор шавад. Санаи баргузории интихоботи президентӣ маълум нест.

То ин дам созмону кишварҳои ғарбӣ интихоботҳои Тоҷикистонро озоду демократӣ эътироф накардаанд. Баръакси созмонҳо ва кишварҳои Шӯравии собиқ ва Чин, ки ба ин интихоботҳо баҳои баланд додаанд ва аз ҳамаи норасоӣ ё қонуншиканиҳо дар ҷараёни интихобот чашм пӯшидаанд.

Бонки миллӣ ҳадаф аз таъсиси маркази ягонаи интиқоли пулро шарҳ дод

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси Маркази ягонаи интиқоли пул, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, аз ҷумла, муҳоҷирон мебошад. Таъсиси Маркази миллии протссесинги дар назди Бонки миллӣ рӯзи 3-юми декабр фаъол шуд ва вокунишҳои зиёдеро ба миён овард. Бархе онро иқдоми саривақтӣ ва дигарон як кори нозарур хонданд, ки сарсонии мардумро бештар кардааст.

Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллӣ дар як мусоҳибаи телевизионӣ, ки Бонки миллӣ нашр кард, аз таъсиси Маркази миллии протссесинги ҳимоят кард. Ҷаноби Нуралиев гуфт, ҳадаф аз таъсиси ин низом он аст, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла муҳоҷирон ҳифз шуда, дар сурати муфлис шудани низоми пардохтӣ, маблағҳои онҳо пардохт шавад.

Муовини аввали раиси Бонки миллӣ, дар мусоҳибаи даҳдақиқаӣ батакрор мегуфт, шарти асосӣ ҳам барои низомҳои пардохт он аст, ки дар назди Бонки миллӣ суратҳисоб кушода, маблағ захира кунанд. Дар ҳолати муфлис шудани низоми пардохт ба гуфтаи Нуралиев, маблағҳои муҳоҷирон аз ҳисоби маблағҳои пасандози ширкати интиқолӣ пардохт мешавад.

Аммо Ҷамолиддин Нуралиев нагуфт, ки низомҳои пардохт бояд чӣ қадар маблағҳои пешакӣ дар назди Бонки миллӣ пасандоз кунанд. Пештар мақомҳои Бонки миллӣ гуфтанд, аз низомҳои пардохт талаб шудааст, ки маблағи якрӯзаи интиқолиро пешакӣ пасандоз кунанд, аммо хабарҳое ҳам ҳаст, ки ин шарт на як рӯз, балки як моҳ мебошад. Талаботе, ки муҷиби асосии ихтилоф миёни Бонки миллӣ ва баъзе аз низомҳои интиқолдиҳандаи русӣ шудааст.

"Омили дигаре, ки метавон хуб арзёбӣ намуд, пешгирӣ намудани амалиётҳои пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм аст. Дар гузашта мо шоҳиди он будем, ки ба воситаи чунин интиқолҳо маблағгузорӣ намудани амалҳои терроризм дида мешуд",-гуфт Ҷамолиддин Нуралиев.

Ба гуфтаи Ҷамолиддин Нуралиев, як ҳадафи дигар аз таъсиси ин марказ дар гуногун намудани иштирокчиёни низоми пардохт мебошад. Нуралиев гуфт, як низоми интиқол 82 дарсади маблағҳоро интиқол додааст, ки ба иқтисоди кишвар хафв дорад. Ҳарчанд Нуралиев аз ин низоми пардохт ном набурд, аммо қаблан чандин кормандони бонкҳо гуфтанд, муҳоҷирон маблағҳояшонро асосан тариқи "Золотая корона" интиқол медиҳанд.

Аммо ин низом то ҳол ба Маркази миллии протссесингии Бонки миллӣ пайваст нашудааст. Масъулини ин ширкат гуфтанд, талаботи Бонки миллӣ эҳтимоли нақзи қонунгузории Русияро дар пай дорад ва онҳо бо мақомоти тоҷик дар ин бора гуфтугӯро идома медиҳанд.

Масъулини бонкҳои тиҷоратӣ мегӯянд, ҳоло танҳо тариқи низоми "Юнистрим" ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 2-юми декабр хабар дод, ки то кунун ба ин марказ низомҳои байналмилалии интиқоли пули "Юнистрим", "Контакт" ва "Вестерн Юнион" пайвастаанд. Вале рӯзи сешанбеи 3-юми декабр дар идораи "Вестерн Юнион" дар Маскав ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо "бо сабабҳои вобаста аз Тоҷикистон" интиқоли пулро ба кишвар қатъ кардаанд, вале масъаларо шарҳ надоданд.

Расонаҳои Русия низ навиштанд, ки низомҳои "Вестерн Юнион", "Близко" ва "Контакт" интиқоли пул ба Тоҷикистонро қатъ кардаанд.

Ёфтҳои бештар

Гузоришҳои видеоӣ

Ҷарима ва пардохтҳои ҳатмӣ дар Тоҷикистон гарон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00
XS
SM
MD
LG