Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ошкор шудани 15 ҷасад дар Бақуба


Дар канори шаҳри Бақуба, воқеъ дар вилояти Диёли Ироқ ҷасади 15 сокини маҳаллӣ ошкор шуд. Ба иттилои вазорати дифоъи Ироқ, се ҳафта пеш деҳаи Баузел таҳти назорати мусаллаҳони созмони Ал-Қоида қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, дар тули амалиёти аз байн бурдани мусаллаҳон дар ин минтақа, ки рӯзи 29 июл шурӯъ шуда буд, дар ин ҷо чанд оромгоҳи дастаҷамъӣ ошкор гардид. Бар асари амалиёт 757 тан аз ошубгарон кушта шуда, 1600 тани дигар асир уфтоданд. Дар ҷараёни амалиёт беш аз ҳазор маводи тарканда мусодира шуд.
XS
SM
MD
LG