Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич хостори табдили додрас шуд


Радован Караҷич, раҳбари пешини сербҳои Боснӣ аз Додгоҳи ҷиноёти низомии Ҳейг ваё Гаага оид ба Югославияи собиқ хостори табдили додрас шуд. Ӯ раиси мурофиа, додрас аз Ҳуланд Алфонсо Ориеро дар хурдагирӣ ва манфиатдор буданаш барои муҷозоти Караҷич муттаҳам мекунад. Радован Караҷич, ки аз сӯи Додгоҳи Ҳейг дар ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият муттаҳам мешавад, моҳи гузашта дар Белград боздошт ва ба ин додгоҳ истирдод шуда буд. Ӯ бояд тайи 30 рӯз бо иттиҳомоти Додгоҳи Ҳейг ошно шавад.
XS
SM
MD
LG