Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйиди ширкати сарони СҲШ дар нишасти Душанбе


Ҳамаи раисони ҷумҳури кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шонгҳой ширкати худ дар нишасти ин созмон, ки 28-уми август дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд, таъйид кардаанд. Дар ин бор сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Давлат Назрӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи вай, дар нишасти СҲШ дар Душанбе танҳо раисиҷумҳури Покистон – кишвари нозир дар ин созмон ширкат нахоҳад кард ва ба ҷойи ӯ вазири хориҷаи ин кишвар ҳузур хоҳад дошт. Гуфта мешавад, раисони ҷумҳури кишварҳои дигари нозир, аз ҷумла Эрон, Ҳинд, Муғулистон ва Афғонистон, низ омодагии худ барои ширкат дар нишастро эълон кардаанд.

XS
SM
MD
LG