Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консулгарии Тоҷикистон дар Бошқирдистон


Дар ҷумҳурии Бошқирдистони Русия консулгарии Тоҷикистон ифтитоҳ меёбад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ намояндаи вазорати корҳои хориҷии Русия дар Бошқирдистон Зинур Мардонов ин хабарро тасдиқ кард ва афзуд:
"Дар ҷумҳурии Бошқирдистон тахминан 5000 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд. Дар ҷойҳои дигар ҳам шумораи онҳо бузург аст. Ҳамин консулгарӣ бояд манфиати онҳоро ҳифз кунад".
Ба қавли Мардонов консулгарии кулли Тоҷикистон дар Уфа вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар 14 минтақаи Урал ва канори рӯди Волгаро ҳимоят хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG