Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истеъфои Парвиз Мушарраф


Генерал Парвиз Мушарраф пас аз эълони истеъфояш гуфт, ки худро гунаҳгор намешуморад, вале истеъфои ӯ ба нафъи миллат хоҳад буд.

Ҳоло маълум нест, ки баъди истеъфо Мушарраф чӣ кор хоҳад кард ва дар куҷо хоҳад буд?

Дар як паёми телевизионии яксоата президенти Покистон Парвиз Мушарраф гуфт, ӯ метавонад собит намояд, ки айбномаҳои рақибони сиёсиаш асосӣ воқеӣ надоранд, вале ин амал кишварро ба вартаи бӯҳрони сиёсии дарозмуддат партофта, дар ниҳояти амр ба тамоми мардуми Покистон азият меорад.

Генерал Парвиз Мушарраф, собиқ фармондеҳи артиши Покистон ва муттафиқи ИМА дар ҷанг бо террор, соли 1999 дар ҷараёни як табаддулоти низомии бидуни хунрезӣ сари қудрат омада, сарвазири давр Навоз Шарифро ба Арабистони Саудӣ бадарға кард. Ҳоло Шариф узви эътилофи ҳоким ва яке аз ташаббускорони барканорсозии Мушарраф аст.

Дар Покистон мансаби ноибпрезидент вуҷуд надорад ва тибқи қонуни асосӣ дар ҳоли фавт ва ё барканоршавии президент раиси маҷлиси болоии парламент, яъне Сенат муваққатан раёсатҷумҳурии Покистонро бар дӯш мегирад. Агар аризаи истеъфои Мушарраф тасдиқ шавад, эҳтимол раиси Сенат Муҳаммад Миён Сомо, собиқ муттафиқи наздики Мушарраф муваққатан ваколатҳои президенти Покистонро бар ӯҳда гирад. Сипас Шӯрои интихобкунандаи Покистон, ки расман масъули интихоби президент аст, дар давоми 90 рӯзи оянда раисҷумҳури нави кишварро интихоб мекунад.

Дар солҳои раҳбарӣ генерал Мушарраф ваъда дода буд, ки дар Покистон низоми демократӣ барпо хоҳад кард. Соли 2002-ум дар ин кишвар интихоботи парламентӣ доир шуд ва баъди муддате вакилони Шӯрои интихобкунандаи Покистон Мушаррафро президент интихоб кард.

Шореҳони сиёсӣ мегӯянд, нокомиҳои Мушарраф моҳи марти соли 2007-ум баъди барканор намудани раиси додгоҳи Олии Покистон Ифтихор Чавдрӣ буруз намуданд. Ҳуқуқшиносони покистонӣ бо мудофиаи сарсахтона аз Чавдрӣ мухолифини сиёсиро ба амал тарҷеҳ намуданд.

Моҳи ноябри соли гузашта Мушарраф дар тӯли шаш ҳафта вазъи изтирорӣ эълон намуд. Бо ин роҳ ӯ мехост аз кӯшишҳои муҳокимаи тарзи интихоби Мушарраф ба курсии раёсатҷумҳурӣ ҷилавгирӣ кунад. Сипас баъди эътирофи даври дуюми президентиаш Мушарраф ризоят дод аз мансаби сарфармондеҳи артиш даст кашад. Дар интихоботи парламентии моҳи феврал бошад, пайравони Мушарраф ноком гашта, эътилофи мухолифаш сари қудрат омад.

Ҳафтаҳои ахир эътилофи ҳоким маъракаи барканорсозии Мушаррафро омода мекард. Баъзе муттафиқонаш аз ӯ рӯй тофтанд ва вакилони маҷлисҳои чор вилояти Покистон ба унвони Мушарраф номаи адами эътимод таслим намуданд.

Доминик Мойсӣ муовини раиси Институти равобити байналмилалии мустақар дар пойтахти Фаронса мегӯяд, барои аксарият Мушарраф рамзи назму субот дар Покистон буд. Вале бо мурури замон ӯ худ ба бахше аз мушкилоти ин кишвар табдил ёфт. Мансабдорони Арабистони Саудӣ, ИМА ва Британия бо ҳадафи хатми муқовимат миёни президенти Покистон ва эътилофи ҳоким бо ду ҷониб музокирот пеш бурдаанд. ИМА гуфтааст, ки сарнавишти Мушарраф дар дасти мардуми ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG