Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хурӯҷи нерӯҳои Русия аз Гурҷистон бояд сар шавад


Вазъ дар Гурҷистон ҳатто баъд аз имзои қарордоди оташбас аз сӯи ҳам Тифлису ҳам Маскав ҳамчунон печида боқӣ мемонад.

17-уми август аз Гурҷистон дар бораи хурӯҷи бахше аз нерӯҳои Русия аз шаҳри Горӣ ва аз Осетияи Ҷанубӣ гузоришҳои зиддунақизе ба даст расид.
Нерӯҳои Русия ҳамоно назорати шоҳроҳи калидии Гурҷистонро, ки аз соҳили Баҳри Сиёҳ то пойтахти он кишвар, шаҳри Тифлис тӯл мекашад, дар дасти худ нигоҳ медоранд.
Бино ба хабарҳо, бо вуҷуди аз сӯи раисиҷумҳури Русия имзо шудани қарордоди оташбасе, ки бозгашти нерӯҳои Русия ба мавқеъҳои то таърихи 8 августро тақозо мекард, нерӯҳои Русия дар ҳошияи шаҳри Горӣ қад-қади ин шоҳроҳ сангар гирифтаанд. Дар ҳоли ҳозир рӯшан нест, ки оё Русия ба марҳалаи аввали хуруҷи нерӯҳояш аз Горӣ ва Осетияи Ҷанубӣ оғоз кардааст ё хайр?
Генерал-майор Вячеслав Борисов, фармондеҳи нерӯҳои Русия дар минтақаи Горӣ ба хабарнигорон гуфт, табдили нерӯҳои артиш бо нерӯҳои ҳомии сулҳи Русия дар ин минтақа шурӯъ мешавад. “Агар хоҳед сентсатсияро ба чашми худ бубинед, ҳамин ҷо мунтазир бошед. Моро дар ин ҷо гурдонҳои ҳомии сулҳ иваз хоҳанд кард. Ин нерӯҳоеянд, ки 12 сол инҷониб дар ин ҷо мустақар буданд. Онҳо ба тадриҷ ҷойгузини нерӯҳои артиш хоҳанд шуд. Нерӯҳои артиш ба мақари худ бармегарданд.”
Генерал Борисов, фармондеҳи нерӯҳои русиии мустақар дар Горӣ ҳамчунин гуфт, ҳамин тавр, хуруҷи бархе аз нерӯҳои Русия аз Осетияи Ҷанубӣ дар ҳоли шурӯъ шудан аст.
Ин дар ҳолест, ки вазорати дифоъи Русия хабарҳои нашршуда дар бораи хуруҷи нерӯҳои он кишвар аз Осетияи ҷанубиро радд кардаанд ва Александр Ломая, раҳбари Шӯрои Амнияти Миллии Гурҷистон низ гуфта, ки тонкҳои Русия Гориро тарк накарда, балки баръакс ба сӯи минтақаҳои дигари Гурҷистон ҳаракат кардаанд.
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров рӯзи шанбе гуфт, кадом ҷадвали мушаххаси замоние дар мавриди хуруҷи нерӯҳои Русия мавҷуд нест ва пешрафт дар ин мавзӯъ ба иттихози тадобири изофии амниятӣ бастагӣ дорад. “Мо пайваста ба мушкилоте рӯбарӯ мешавем, ки ҷониби Гурҷистон эҷод мекунад. Ва тамоми чиз ба он бастагӣ дорад, ки ин мушкилот то кадом андоза зуду муассир ҳалл хоҳанд шуд”.
Раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ, ки қарордоди оташбас байни Гурҷистону Русия таҳти пуштибонии ИА ва бо миёнҷигии ӯ таҳия шудааст, гуфт, бар асоси ин нақша, тадобири амниятии Русия набояд боиси эҷоди маҳдудият ва ё хатар барои равуо ва ҳаракат дар роҳҳои мошингард ва роҳҳои оҳан мешуд ва ҳам набояд дар дохили шаҳрҳо истифода шаванд.
Никола Саркозӣ дар номае ба ҳамтои гурҷиаш Михаил Саакашвили навиштааст, аммо қарордоди оташбас ба нерӯҳои Русия дар ҳудуди чанд километр фаротар аз минтақаи низоъи Осетияи Ҷанубӣ ҳаққи дидбонӣ медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш аз сӯи Маскав имзо шудани қарордоди оташбасро хабаре “умедворкунанда” номид, вале афзуд, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон бояд бидуни шакк дар ҳудуди Гурҷистон боқӣ монанд: “Як масъалаи бузург ҷидоли Русия аст, ки мегӯяд, минтақаҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон дар оянда дигар бахши Гурҷистон буда наметавонанд. Ин манотиқ бахше аз Гурҷистонанд ва ҷомиаи байналмилалӣ ба таври мукаррар изҳор доштааст, ки онҳо бахши ин кишвар боқӣ хоҳанд монд”.
17-уми август садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Тифлис бо Михаил Саакашвилӣ масоили марбут ба низоъи байни Гурҷистону Русияро баррасӣ намуд. Хонум Меркел айни мавзӯъро ду рӯз қабл дар Сочӣ бо раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар миён гузошта буд.
Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи Гурҷистон эълом намудааст, ҷудоиталабони абхоз таҳти ҳимояти нерӯҳои Русия 13 русто ва як нерӯгоҳро дар манотиқи таҳти назорати Тифлис забт кардаанд. Вале манобеъи дигар то ҳол ин хабарро тасдиқ ё радд накардаанд.
XS
SM
MD
LG