Ҳадафи аслии ин сафари хонум Райс имзои созишномаи истиқрори як бахши сипари мушаки амрикоӣ дар қаламрави Лаҳистон будааст.
Қабл аз ин Райс дар нишасти паймони Атлантикаи Шимолӣ ё NАТО бахшида ба вазъи Гурҷистон дар Бруссел, пойтахти Белжик, ширкат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, Маскав қотеъона мухолифи нақшаҳои истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар наздикии марзҳояш мебошад ва бар ин аст, ки ин иқдоми Амрико ба амнияти миллии Русия хатар эҷод мекунад. Русия ҳушдор додааст, ки, агар ин сипар мустақар гардад, мили баъзе мушакҳои худро ба сӯи Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон мегардонад.
Вазири дифоъи Амрико Роберт Гейтс ин изҳороти мақомоти Маскавро “суханони бепояву асос” хонда гуфт, ки ин ҳама таҳдидҳои хушку холӣ аз сӯи Русияанд ва он кишвар ба ҳеч ваҷҳ ба Лаҳистон ҳамла нахоҳад кард, зеро Лаҳистон узви NАТО мебошад.
Таҳлилгарон масоъили сиёсӣ мегӯянд, ки баъд аз ҳаводиси Гурҷистон равобити Вошингтону Маскав рӯ ба сардӣ ниҳод ва тасмими Лаҳистон низ аз иқдомоти Русия дар мавриди Гурҷистон маншаъ мегирад.
Вошингтон пайваста эълом медорад, ки сипари мушакӣ дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ алайҳи ҳамалоти эҳтимолии кишварҳои саркаш ба монанди Кореяи Шимолӣ ва Эрон равона шудааст ва барои амнияти Русия хатаре надорад.
Ёдовар мешавем, охири ҳафтаи гузашта мақомоти Лаҳистон барои истиқрори як бахши сипари мушакии ИМА дар қаламрави худ розӣ шудааст. Ба гуфтаи Доналд Туск, нахуствазири Лаҳистон, тавофуқ баъди он ҳосил гардид, ки Вошингтон ба таҳкими ҳамкории низомӣ бо Лаҳистон ризоят дод.
Баъд аз эълони ҳосили созиш миёни Варшава ва Вошингтон вазири умури хориҷаи Лаҳистон Радослав Сикорский хабар дод, ки ҳамтои русиаш Сергей Лавров сафараш ба Лаҳистонро, ки бояд моҳи сентябр сурат мегирифт, ба Варшава лағв кардааст.
Баъд аз эълони ҳосили созиш миёни Варшава ва Вошингтон вазири умури хориҷаи Лаҳистон Радослав Сикорский хабар дод, ки ҳамтои русиаш Сергей Лавров сафараш ба Лаҳистонро, ки бояд моҳи сентябр сурат мегирифт, ба Варшава лағв кардааст.
Як гапое мезанед ки, как буд то бе ичозати Рустам дар шахр хона сохтан мумкин бошад . Хамаи домхое ки дар шахр мисли мурчахона бе парковка бе богчаи кудакон бе элементарни майдонча сохтаанд , хамаашро дона ба дона худи Рустам имзою ичозат додааст . Вакто об аз Боло Лой АСТ мегуянд , яъне Рустам гунахкори асоси маънои гапаш.
Хато шуд. Ба Эрачне ба Рустам
Ба фикрам хуб мешуд ки барои хато карданашон ҷарима мекарданду мутахассиси рӯҳшинос бо онҳо сӯҳбат мегузаронд лекин ба ҳабс намегирифтанд чунки қувваҳои кориро пушти панҷара кардан ин ба зарар мебошад. Албатта агар гуноҳи вазнине накарда бошанд.
Ватанпараст 05,07,2022 17:35 Акаи "ватанпараст" чи хелай ки тамоми мардуми точикро кучонед. дар хамин ватан авлоди пешвотон монад ва шумо
Ин мақомот аз Худо наметарсад. Агар лозим шавад худашон ба телефони ҷабрдидагон чизҳои мамнӯъро мегузоранд ва бар сари ҷабрдидаҳо бор мекунанд