Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия нирӯгоҳи Ингуриро таҳти назорат даровард


Русия тасдиқ кард, ки нирӯҳои ҳомии сулҳаш назорати нирӯгоҳи Ингурӣ дар наздикии марзи Гурҷистон бо вилояти ҷудоиталаби Абхозистонро ба дасти худ гирифтаанд.

Қаблан, вазорати хориҷаи Гурҷистон нирӯҳои Русия ва ҷангиёни ҷудоиталаби абхозро айбдор кард, ки ин нирӯгоҳ ва 13 рустои воқеъ дар минтақаи буферии аз сӯи СММ таъйиншударо ишғол кардаанд. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс хабар дода, ки ин нирӯгоҳ ва рустоҳо ба дасти Абхозистон гузаштаанд.

Нирӯгоҳи Ингурӣ бузургтарин таъминкунандаи нирӯи барқ барои Гурҷистон ва Абхозистон маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG