Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар як гуфтугӯи телефонӣ бо ҳамтои фаронсавиаш Никола Саркозӣ гуфт, хуруҷи нирӯҳои Русия аз қаламрави Гурҷистон зӯҳри душанбе, 18 август оғоз хоҳад ёфт. Бино ба хабарҳо, Саркозӣ Русияро аз ”пайомадҳои ҷиддӣ”-и адами мурооти созишномаи оташбас ҳушдор додааст. Русияи ин қарордоди бо миёнҷигии ИА ва шахсан Никола Саркозӣ таҳияшударо рӯзи шанбе имзо кард.
Қарордоди оташбас бозгашти нирӯҳои Русия ба мавзеъҳои то таърихи 8 августро тақозо мекунад.
Субҳи имрӯз хабаргузории Ройтерс аз қавли як генерали рус хабар дод, ки хуруҷи нирӯҳои Русия аз Горӣ ва аз бархе қисматҳои Осетияи ҷанубӣ оғоз ёфтааст.