Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлили мавлуди Имом Маҳдӣ дар Карбало


Беш аз 3 миллион зоири пайрави мазҳаби шиъа ба хотири таҷлил аз Шаъбония, мавлуди Имом Маҳдӣ, дар шаҳри барои шиъаҳо муқаддаси Карбалои Ироқ гирди ҳам омадаанд.

Аҳли ташаййӯъ бар ин боваранд, ки Имом Маҳдӣ, ки дар асри 8, дар синни хурдсолӣ нопадид шудааст, рӯзе дубора зуҳур карда, адолатро дар дунё барқарор хоҳад кард.

Бо вуҷуди иттихози тадобири шадиди амниятӣ ва истиқрори беш аз 40 000 сарбозу пулис дар давру бари Карбало, дар асари ҳамалоти ҷангиён танҳо аз рӯзи панҷшанбе ба ин сӯ 138 тан аз зоирон кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG