Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Амрико аз раҳоии Казулин


Амрико аз тасмими мақомоти Беларус ҷиҳати раҳоии раҳбари маъруфи мухолифини он кишвар Александр Казулин аз зиндон истиқбол кардаааст. Бино ба хабарҳо, озодии Казулин рӯзи шанбе бар асоси қарори афви ӯ аз ҷониби раисиҷумҳури худкомаи Беларус Александр Лукашенко муяссар шудааст.

Казулин, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии Беларус дар соли 2006 бо Лукашенко вориди рақобат шуда буд, баъди интихобот бо иттиҳоми авбошӣ ва таҳрики издиҳом ба беназмӣ ба панҷуним соли зиндон маҳкум шуда буд. Кишварҳои Ғарб он интихоботро пур аз тақаллуб баҳо додаанд.

XS
SM
MD
LG